Миёни президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Покистон Ориф Алвӣ ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ сурат гирифт.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори қаноатмандӣ зикр мешавад, ки “тайи ин солҳо муносибатҳои анъанавии дӯстона ва ҳамкориҳои судманди кишварҳои мо дар арсаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо мунтазам густариш ёфта, мазмуну мундариҷаи тоза касб кардаанд”.
“Мо сатҳу мӯҳтавои кунунии робитаҳои фарогири кишварҳоямонро, ки бар пояи арзишҳои муштараки таърихӣ, тамаддунӣ ва усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми якдигар ва эътимод асос ёфтаанд, баланд арзёбӣ карда, ҷавобгӯи манофеи аслии мардумони ду кишвар медонем”, - омадааст дар барқияи ӯ.
Изҳори итминон мешавад, ки бо азму талошҳои пайгиронаи муштарак ба робитаҳои шарикии кишварҳо дар оянда низ рушду тавсеа бахшида шуда, дар соҳаҳои мухталиф ба зинаҳои боз ҳам баланд бардошта мешаванд ва Тоҷикистон омода аст, ки дар ин ҷода тадбирҳои амалии лозима андешад.
Дар фарҷом Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Покистон сиҳатмандии комил, саодати рӯзгор ва комёбӣ ва ба мардуми дӯсти Покистон сулҳи пойдор, дастовардҳои навин ва пешрафту шукуфоии бемайлон орзу кардааст.
Дар навбати худ Ориф Алвӣ дар барқияи худ зикр кардааст, ки ба равобити бародаронаи ду кишвар манфиат ва арзишҳои муштарак, диду назари умумии сулҳу шукуфоии минтақа хос аст.
“Покистон ва Тоҷикистон ҳамеша дар таҳкими сулҳу субот дар минтақа саҳм гузоштаанд. Ман боварии комил дорам, ки мо метавонем дидгоҳи муштараки худро оид ба густариши робитаҳои минтақавӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ байни Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ тавассути густариши ҳамкориҳои дуҷониба амалӣ созем”, - баён мешавад дар барқияи президенти Покистон.
Ориф Алвӣ низ ба Эмомалӣ Раҳмон саломатии бардавом ва ба мардуми Тоҷикистон пешрафту шукуфоӣ таманно кардааст.