Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт – Петербурги Русия сафар кард. Дар ин бора дафтари матбуоти раиси ҷумҳури кишвар хабар медиҳад.
Нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ рӯзи 26-уми декабр баргузор мешавад.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ёрдамчии раиси ҷумҳур оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.
Бояд гуфт, ки дар хусуси нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия чанде пештар, зимни ироаи паёми видеоии худ ба сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ, хабар дода буд.
Зикр мегардад, ки дар ин нишаст сарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил масъалаҳои мубрами рӯзмарраро дар фазои ғайрирасмӣ муҳокима хоҳанд кард.
Нишасти мазкур анъанавӣ буда, солҳои гузашта низ баргузор шудааст. Аз ҷумла соли гузашта, рӯзҳои 26-27-уми декабр низ сарони кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот карда буданд.