Завқибек Саидаминӣ, яке аз рӯзноманигорони дастгиршудаи тоҷик, баъди 4 моҳи боздошташ бо модар ва ҳамсари худ дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) вохӯрда, ҳудудан ним соат суҳбат кардааст.
Яке аз наздикони Завқибек Саидаминӣ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, рӯзи 29-уми октябри соли равон ба модар ва ҳамсари рӯзноманигор иҷоза додаанд, дар боздоштгоҳ бо ӯ мулоқот кунанд.
“Вакили дифоъ рӯзи 26-уми октябр шиносномаҳои чанде аз наздиконашро гирифта гуфт, мақомот барои вохӯрӣ иҷозат медиҳанд. Баъдан маълум шуд, ки танҳо ду нафар - модару ҳамсарашро иҷозат доданд. Кӯдакон ва бародаронашро барои вохӯрӣ иҷозат надоданд”,- гуфт манбаъи мо.
Ҳабиса Ятимова, модари рӯзноманигори боздоштшуда 31-уми октябр дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ҳудуди ним соат бо писараш суҳбат дошт ва Завқибек Саидаминӣ бештар аз кӯдаконаш пурсид.
“Аз пушти шиша, тариқи телефон суҳбат кардем. Саломатиаш хуб буд, ягон нишонаи озору зарбу лат ва шиканҷа наменамуд. Аз чизе шикоят надошт. Бештар кӯдаконашро пурсид. Мо ҳам аз кӯдаконашу аз ҳолу аҳволи худамон гуфтем. Камтар чашмонаш пуроб шуд. Руҳияааш ҳам хуб буд”,- гуфт Ҳабиса Ятимова.
Номбурда афзуд, писараш дар бораи парвандааш низ суҳбат накард ва ҳамчунин, нагуфтааст, ки шиканҷа шудааст ё не.
Дар ҷараёни мулоқот бо модару ҳамсараш Завқибек Саидаминӣ ба онҳо шеъри эҷодкардаи худро бо номи “Барои очаҷонам” ва тасбеҳи барои модараш сохтаро тақдим намудааст.
Дар шеъри худ барои ба ҳарфаи модар гӯш надодан узр хоста, гуфтааст, ки сабур бошанд:
...Ту бубахшо Модаро, ки ман накардам хидматат,
Аз бароям дар ғаму нолону ҳам сарсони ту.
Сабр кун пеши Худо, сабре чу Яъқуби Набӣ,
То биёяд назди ту, фарзанди дар зиндони ту.
Вохӯрии нахустини наздикони Завқибек Саидаминӣ дар ҳолест, ки ӯ моҳи июли соли равон аз ҷониби кормандони мақомоти интизомии шаҳри Ваҳдат боздошт ва дертар барои ҳамкорӣ бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом ва “Гурӯҳи 24” (созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон) гумонбар шуд. Худи ӯ ва наздиконаш ҳамеша иртибот ё ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ дар Тоҷикистонро рад кардаанд.
Қаблан, модараш гуфта буд, ки бо гузашти беш аз се моҳ писарашро надидааст ва ба қабули вазири корҳои дохилӣ рафт, гуфтанд, дигар имкони вохӯрӣ нест, чун парванда ба суд рафтааст. Ба
“Суд ҳам рафтем, тамоман қабул накарданд,” – гуфта буд ӯ.
Парвандаи Завқибек Саидаминии 38-соларо додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бар асоси қисми 2-и моддаи 307 (нишонаи 3) баррасӣ мекунад ва интизор меравад мурофиаи навбатӣ пагоҳ, 1-уми ноябр баргузор шавад.
Дар мурофиаи охирин, ки рӯзи 26-уми октябр СИЗО бидуни ширкати наздиконаш ва пушти дарҳои баста баргузор шуд, як сиёсатшиноси тоҷик даъват гардида буд. Маълум нест, ки дар мурофиа ин сиёсатшинос чӣ гуфт ва дар он кадом масъалаҳо баррасӣ шуд. Вале ба эҳтимоли зиёд навиштаҳои Завқибек Саидаминӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд аст, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Пас аз анҷоми мурофиа вакили дифоъ ба наздикони Завқибек Саидаминӣ гуфтааст, саволу ҷавоб шуд ва баъзе суолҳоро аз зерҳимояаш пурсиданд.
Худи вакили дифоъ бо рӯзноманигорон сӯҳбат накард.
Ҳоло ба ғайр аз Завқибек Саидаминӣ, парвандаи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори дигари боздоштшудаи тоҷик низ дар додгоҳ баррасӣ мешавад.
Парванда Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз ҷониби Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ баррасӣ шуда, аллакай ду мурофиа дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе (СИЗО) баргузор гардид.
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода моҳи июли имсол дастгир ва ба ифротгароӣ гумонбар аст. Ӯ бо ирсоли як нома ба наздиконаш, ки дастраси Радиои Озодӣ шудааст, гуфта, ки зери фишори муфаттишон ба гуноҳ иқрор карда, аммо дар асл худро бегуноҳ мешуморад.
Ёдовар мешавем, ки ба ғайр аз Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ду рӯзноманигори дигари тоҷик Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳам боздошт ва бо гузашти тақрибан се моҳ яке ба 10 сол ва дигаре ба 7,5 сол равонаи зиндон шуданд.
Мурофиаи онҳо низ дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) пушти дарҳои баста баргузор шуд ва наздикону пайвандон ва журналистон ба он роҳ наёфтанд.
Далери Имомалӣ худро қисман гунаҳкор ва Абдуллоҳ худро пурра бегуноҳ медонанд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ боздошту муҳокима ва ҳукми рӯзноманигоронро ғайриқонунӣ хонда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки онҳоро фавран озод кунанд.
Тарзи интихоб, синну сол ва пули чипта. Ҳамаи шартҳои сафар ба Корея маълум шуд
Freedom Finance Global: Дар Тоҷикистон эътимоди истеъмолкунандагон паст мешавад
Омӯзгор огоҳ карда шуд. Вазорати маориф навори сарзаниши хонандагон аз ҷониби омӯзгорро шарҳ дод
“Рақаму рамзи кортро надиҳед”. Ҳушдори Амонатбонк ба муштариён аз фаъолшавии қаллобон
Таҳқиқот: Дар Тоҷикистон рушди логистика начандон қаноатбахш аст
РМА-и электронӣ чист ва чӣ тавр метавон онро ба даст овард?
Дар Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ нашр шуд
То соли 2050 Осиёи Марказӣ метавонад сеяки пиряхҳои худро аз даст диҳад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Даббоғ ва бӯйи атр”
Тоҷиддин Мардонӣ, шарқшиноси тоҷик ва сафири пешини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Туркманистон аз олам даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста