Дар ду рӯзи гузашта, 29 ва 30-юми апрел, дар доираи Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту - 2023” дар театрҳои Душанбе шаш намоишнома ба саҳна гузошта шуд.
Субҳи 29-уми апрел, дар рӯзи сеюми ҷашнвораи “Парасту-2023”, Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский намоиши “Мастер ва Маргарита”-и Булгаковро дар коргардонии Хуршед Мустафоев ба саҳна гузошт.
Зуҳри он рӯз Театри ҷумҳуриявии драма ва мазҳакаи русии ба номи А.С.Пушкини шаҳри Бӯстони вилояти Суғд намоишномаи “Зистан мехоҳам”-ро дар коргардонии Р.Раҳматуллоева дар Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М.Қосимов манзури тамошобинон гардонид.
Ҳамин тавр, бегоҳи 29-уми апрел рӯнамоии китоби “Дар масири ёдҳо”-и ҳунарпеша Саодат Азизова дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ баргузор гашт.
Ин қисми дуввуми китоб ба ҳисоб рафта, чун энсиклопедияи соҳаи санъат ва ҳунари тоҷик таҳия гардидааст. Дар ин китоб аз шинохтатарин ҳунармандони театру синамои тоҷик, ки бо мурури замон олами фониро падруд гуфтанд, ёд шуда ва корномаи онон гирд оварда шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки ҷилди аввали китоби “Дар масири ёдҳо” соли 2015 ба нашр расида буд ва он ҳам аз корномаи ҳунармандон қисса мекард.
Пас аз анҷоми рӯнамоӣ, ҳунамандони Театри мусиқӣ-драмавии ба номи М.Воҳидови ноҳияи Ашт намоиши “Ду роҳ”-ро ба устодони ҳунар, аъзои ҳакамон ва мухлисону ҳаводорони санъати театр манзур намуданд.
Муаллиф ва коргардони намоиши “Ду роҳ” ҳунарманди ҷавон Хушнуди Дадо буд ва ин намоишнома кори нахустини Хушнуди Дадо ба ҳайси коргардон, ки дар ҷашнвораи “Парасту-2023” ба намоиш гузошта мешуд, маҳсуб меёфт.
Намоиши “Ду роҳ” хусусияти тарбиявию маънавӣ дошта, он фарогири мавзӯъҳои доғи рӯз, ки ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст - терроризм, хушунати хонаводагӣ, муҳоҷират, парокандашавии оилаҳои ҷавон ва дигар мавзӯҳои иҷтимоӣ буд.
Дар намоиш ворисони ҳунарманди нотакрор, шодравон Маҳмудҷон Воҳидов Шоир Абдураҳмонов, Рухшона Рафиқзода, Анвар Ғаниев, Пайрав Ёрматов, Эраҷ Шодиматов, Фароғат Юлдошева ва Мавзуна Ғаниева нақшаҳоро иҷро намуданд.
Субҳи рӯзи 30-юми апрел Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Бӯстон намоишномаи “Дӯсти нодон” ва зуҳри ин рӯз Театри давлатии ўзбекии драмавӣ - мусиқии ба номи Ш.Бурҳонови ноҳияи Спитамен намоишномаи “Меҳри модар”-ро манзури бинандагон гардониданд.
Ҳамин тавр, бегоҳи дирӯз, 30-юми апрел, Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи М.Назарови шаҳри Хоруғ намоишномаи “Савдоӣ”-ро ба саҳнаи Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл.Маяковский гузоштанд.
Толор агарчи хурд буд, вале ҳунармандони шинохта ва дӯстдорони ҳунари театрӣ зиёд ҷамъ омада буданд. Қисме рост меистоданд ва қисме дигар дар пешорӯи саҳна ҳам менишастанд.
Намоишнома перомуни “савдои бомбаи атомӣ” буда, хусусияти таърихӣ дошт. Он бештар аз як соат идома карда, аз ҷониби бинандагон гарм истиқбол шуд.
Бояд гуфт, соати 14:00-и имрӯз, 1-уми май, дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Хушназар Майбалиев - арбоби барҷастаи санъати тоҷик” баргузор гардид.
Маврид ба зикр аст, ки соати 17:30 дақиқаи бегоҳи имрӯз, 1-уми май, Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К.Хуҷандии шаҳри Хуҷанд намоишномаи “Қисмат”-ро дар коргардонии Суҳроб Шехов дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ба саҳна хоҳад гузошт.
Бояд таъкид кард, ки имсол дар фестивали мазкур 18 театри касбии мамлакат намоишҳои худро, ки тӯли ду соли охир рӯи саҳна омадаанд, пешниҳоди тамошобинон ва ҳакамони озмун мегардонанд.
Ёдовар мешавем, ки Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту - 2023” то рӯзи 4-уми май идома карда, шоми он рӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ маросими ҷамъбастии ҷашнвора баргузор мегардад.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон хостори барқарор кардани рафтуомад ба Русия тариқи қатораву автобус шудааст
Форуми Digital Tajikistan дар Душанбе зиёда аз 1000 иштирокчиро гирдиҳам овард
Рухсатнома барои боркашонӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон бекор шуд
Вазорати энергетика: 80%-и ҳодисаҳои тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон ба об марбутанд
Эрон низ сафирашро дар Афғонистон нав кард
4 “Шоҳҷоиза” ва беш аз 120 ғолиб. Киҳо соҳиби ҷоизаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” шуданд?
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард
Дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ Тоҷикистон соҳиби 7 медал шуд
Тақдири талхи муҳоҷир: чӣ гуна сокини Хуҷанд бе хонаву оила монд?
“Ҳуҷҷатҳоро мехаранд”. Чаро дар Тоҷикистон фарҳанги ронандагӣ коста аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста