Аз 1-уми сентябри соли 2023 арзиши хидмати ҳарбии пулакӣ дар Тоҷикистон 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар мешавад. Маблағи мазкур бо назардошти нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2023, ки 68 сомонӣ муқаррар гардидааст, 51 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар ин хусус, аллакай қарори лозима қабул шудааст.
Ҳоло маблағи хидмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои сафарбарӣ ё хидмати пулакӣ 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 28 ҳазору 560 сомонро ташкил медиҳад.
Ҳукумати кишвар бо ворид кардани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июли соли 2021, №299 “Дар бораи “Тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ” ҳаҷми маблағ барои адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираи даъвати сафарбаркуниро аз 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳои пешин ба 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо иваз кардааст.
Қарори ҳукумат дар бораи ворид кардани тағйирот рӯзи 31-уми июли соли 2023, таҳти №332 имзо шудааст ва гуфта шудааст, ки он аз 1-уми сентябри соли 2023 мавриди амал қарор мегирад.
Соли 2021 парлумони Тоҷикистон қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ”-ро дар таҳрири нав қабул кард, ки тибқи он минбаъд шаҳрвандони синну соли даъватӣ метавонанд, бо пардохти маблағи муайян ва адо кардани хидмати якмоҳаи ҳарбӣ ба сафи эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон шомил гарданд.
Баъди баҳсу баррасии зиёд, моҳи августи соли 2020 ҳукумати кишвар маблағи пардохт барои хидмати пулакӣ дар артиши кишварро муқаррар намуд. Ин маблағ ба 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар аст.
Қаблан Ҷовид Пирзода, ҳуқуқшиноси Вазорати мудофиа гуфта буд, ки қабули шаҳрвандон барои адои хизмати ҳарбии пулакӣ дар доираи квотаи муқарраргардида амалӣ мешавад ва дар сурати аз доираи квота бештар муроҷиат кардани аҳолӣ онҳо метавонанд, ки дар даъвати минбаъда ба хидмати ҳарбии пулакӣ ҷалб шаванд.
Тибқи муқарароти қонуни нав, ҷавонон барои адои ин навъи хидмат ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зист муроҷиат намуда, баъди пардохти маблағ дар БДА ҶТ “Амонатбонк” ба омӯзиш ҷалб мегарданд.
Фаридун Маҳмадализода зикр карда буд, ки маблағи пардохтгардида барои бунёди қисмҳои ҳарбии алоҳида дар ҳудуди гарнизонҳои ҷумҳурӣ, ташкили пойгоҳҳои моддӣ-техникӣ, сохтмони бинову иншооти аҳамияти ҳарбидошта, таъмиру тармими онҳо, пардохти маоши афсарону кормандони таълимдиҳанда, хароҷоти маъмурӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии дигар хизматчиёни ҳарбӣ равона мегардад.
Дар даъвати баҳории соли 2023 1 ҳазору 500 ҷавони синни даъватӣ бо пардохти қариб 43 млн сомонӣ ба хидмати ҳарбии пулакӣ ҷалб шуда буданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ (дедовшина) ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хизмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.
Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Ин аст, ки ҳамасола даҳҳо ҳолати бо зӯр ё “облава” бурдани ҷавонон ба артиш расонаӣ мешавад.
Мақомот ҳамеша ба набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.
Аз “А” то “Я”-и хидмати пулакиро дар мақолаи мо мутолиа кунед.
Хатсайри автобус миёни Хуҷанд ва Новосибирск. Ҷадвали ҳаракат ва арзиши чиптаи онро муайян кардем
Дар Тоҷикистон лимону сабзӣ арзон ва гӯшту шир қимат шуданд
“Модарам мехонд, ман ҳифз мекардам”. Фараҳбахш бо вуҷуди нобино будан, чӣ тавр дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ғолиб шуд?
Тоҷикистон ҳам аз хидматрасонӣ ба корти UnionPay-и “Газпромбанк” даст кашид
“Онҳо моро одам ҳисоб намекарданд”. Чаро тоҷики хориҷшуда дигар ба Русия рафтан намехоҳад?
Баъди марги Тарона ва гузориши “Азия-Плюс”, раиси шаҳри Панҷакент дастури ҷудо кардани замин ва бунёди мактабро дод
Размикори мағлубнашудаи тоҷик Наботов барои қарордод бо UFC бо кӣ рақобат мекунад?
Муҳоҷирати корӣ ба Кувайт. Ёддошти тафоҳуми имзошуда онро чӣ гуна танзим мекунад?
“Танҳо дар тобистон барқ медиҳем”. “Барқи тоҷик” созишномаи интиқоли барқ миёни Тоҷикистон ва Афғонистонро шарҳ дод
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Вазири бахшанда ва вазири хасис”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста