Варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу - 2022 дар ҷамъ 5 медал - 1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷиро ба даст оварданд. Дар ин бора “Варзиш ТВ” иттилоъ медиҳад.
Ин медалҳоро Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов, Беҳрӯз Хоҷазода, Хайрандеш Муродзода ва Ҳақназар Назаров ба Тоҷикистон оварданд.
Аз ҷумла, дар рӯзи 9-уми Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу - 2022 аз риштаи кураш – Тоҷикистонро Ҳақназар Назаров зери вазни то 90 кг муаррифӣ кард ва барандаи медали биринҷӣ шуд.
Паҳлавони тоҷик Ҳақназар Назаров дар даври якум бар Жамалбек Уулу аз Қирғизистон зафар ёфта, дар даври чаҳорякниҳоӣ бар Коматсу Чисатои ҷопонӣ дастболо гардид.
Дар даври ниманиҳоӣ Ҳақназар аз паҳлавони Кореяи Ҷанубӣ - Ким Мингю мағлуб шуда, соҳиби нишони биринҷӣ гардид.

Ин медали 5-уми Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу - 2022 маҳсуб мешавад.
Қаблан аз ин, дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу – 2022 медалҳои Тоҷикистонро дар риштаи ҷудо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) нишони тилло, Темур Раҳимов (+100 кг) нишони нуқра, Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг) нишони биринҷӣ ва аз риштаи кураш Хайрандеш Муродзода (-66 кг) нишони биринҷӣ ба даст оварда буданд.
Бояд гуфт, ки ба варзишгарони тоҷик, ки дар 19-умин Бозиҳои Осиёӣ дар шаҳри Ҳангжоу медали тилло мегиранд, ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ, ба барандагони медали нуқра 100 ҳазор сомонӣ ва ба соҳибони медали биринҷӣ 50 ҳазор сомонӣ супурда мешавад.
Инчунин, бо қарори шаҳрдори Душанбе ба онҳое, ки дар ин бозиҳо барандагони медали тилло мешаванд, хонаи сеҳуҷрагӣ, медали нуқра - дуҳуҷрагӣ ва медали биринҷӣ - манзили якҳуҷрагӣ тақдим мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо иштирок намуда, то ҳоло 32 медал гирифтааст, ки 5-тоаш медали тилло, 7-то медали нуқра ва 20 адад медали биринҷӣ мебошад.
Се медали тиллоро - Дилшод Назаров аз гурзандозӣ, як медали тиллоро Ҷаҳон Қурбонов дар бокс ва як адади дигарро Сомон Маҳмадбеков дар гӯштини ҷудо ба даст овардаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу – 2022 аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр баргузор мешавад. Дар ин мусобиқаи бонуфузи Осиёи 481 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 40 намуди варзиш ба роҳ монда шудааст. 138 варзишгар аз Тоҷикистон аз 18 риштаи варзиш дар ин мусобиқа баромад мекунанд.





“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мурабаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
“Таҷҳизоти техникӣ корношоям мешаванд”. Чаро шиддати барқ паст аст ва ба куҷо метавон муроҷиат кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста