Дирӯз, 3-юми октябр, муштзани шинохтаи тоҷик Давлат Болтаев дар Бозиҳои Осиёӣ дар Ҳангжоу - 2022 дар риштаи бокс соҳиби медали тилло шуд. Ин медали тилло дар риштаи бокс ба Тоҷикистон пас аз 17 сол ба даст омад. Дар ин бора “Варзиш ТВ” иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу – 2022 Давлат Болтаев дар рақобати якум бар Арсланбек Очилови туркман пирӯзӣ ба даст овард ва тавонист, ки дар раунди дуюм Очиловро ба нокаут фиристад.

Дар даври чаҳорякниҳоӣ Давлат Болтаев дар рақобати сахту сангин муқобили Эркин Одилбек Уулуи қирғиз бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 4 бар 0 зафар ёфт ва ба даври ниманиҳоии Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу -2022 баромада, он ҷо бар Ҷаеминг Ҷионг аз Кореяи Ҷанубӣ бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 5:0 дастболо гардид.

 “Дар рӯзи даҳуми Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу - 2022 Давлат Болтаев дар даври ниҳоии вазни 92 кг бар муштзани мизбон Ҳан Хуежан бо қарори доварон бо ҳисоби 3:2 дар як рақобати ҳассос ва душвор музаффарият ба даст овард ва нишони заррини мусобиқаро ба гардан овехт”, - менависад манбаъ.
Давлат Болтаев
Акс аз "Варзиш ТВ"

Ин дуввуми медали тиллои Тоҷикистон дар риштаи бокс аст. Пеш аз ин Ҷаҳон Қурбонов ягона нишони тиллоро аз намуди бокс дар Бозиҳои Осиёӣ соли 2006 дар Давҳаи Қатар соҳиб шуда буд.

Бо ин дастовард Давлат Болтаев исмашро дар таърихи бокси кишвар ҳаккокӣ кард. Ӯ ҳамчунин роҳхати Бозиҳои тобистонаи Олимпии Париж-2024-ро ҳам ба даст овард.

Пас аз ба даст овардани нишони тилло Давлат Болтаев гуфтааст, ки медали тиллои худро ба раисҷумҳури Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе ва ба мардуми тоҷик мебахшад.

Гуфтанд ба маврид аст, ки ин дуввумин медали тиллои Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу-2022 мебошад. Пеш аз ин дар риштаи ҷудо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) нишони тилло ба даст оварда буд.

Ҳоло Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу – 2022 дар ҷамъ соҳиби 6 медал шуд: 2 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ.

Дигар медалҳои Тоҷикистонро дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу – 2022 дар риштаи ҷудо Темур Раҳимов (+100 кг - нишони нуқра), Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг - нишони биринҷӣ) ва аз риштаи кураш Хайрандеш Муродзода (-66 кг - нишонҳои биринҷӣ) ва Ҳақназар Назаров (-90 кг - нишонҳои биринҷӣ) ба даст оварда буданд.

Қобили зикр аст, ки дар ҳисоби умумидаставӣ мунтахаби Тоҷикистон бо касби 6 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) дар байни 36 давлати дар ин бозиҳо ба дарёфти медалҳо ноилгардида, аз рӯи сифати медалҳо ҷои 19-ум ва аз лиҳози шумори онҳо - зинаи 20-умро ишғол мекунад.

Бояд гуфт, ки ба варзишгарони тоҷик, ки дар 19-умин Бозиҳои Осиёӣ дар шаҳри Ҳангжоуи Чин медали тилло мегиранд, ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ, ба барандагони медали нуқра 100 ҳазор сомонӣ ва ба соҳибони медали биринҷӣ 50 ҳазор сомонӣ супурда мешавад.

Инчунин, бо қарори шаҳрдори Душанбе ба онҳое, ки дар ин бозиҳо барандагони медали тилло мешаванд, хонаи сеҳуҷрагӣ, медали нуқра - дуҳуҷрагӣ ва медали биринҷӣ - манзили якҳуҷрагӣ тақдим мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо иштирок намуда, то ҳоло 32 медал гирифтааст, ки 5-тоаш медали тилло, 7-то медали нуқра ва 20 адад медали биринҷӣ мебошад.

Се медали тиллоро - Дилшод Назаров аз гурзандозӣ, як медали тиллоро Ҷаҳон Қурбонов дар бокс ва як адади дигарро Сомон Маҳмадбеков дар гӯштини ҷудо ба даст овардаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу – 2022 аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр баргузор мешавад. Дар ин мусобиқаи бонуфузи Осиёи 481 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 40 намуди варзиш ба роҳ монда шудааст. 138 варзишгар аз Тоҷикистон аз 18 риштаи варзиш дар ин мусобиқа баромад мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.