Як намояндаи Созмони Милали Муттаҳид бори дигар аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки се рӯзноманигори тоҷик – Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Улфатхоним Мамадшоеваро аз зиндон озод намояд.
Мэри Лолор, гузоришгари вижаи СММ вобаста ба ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар мулоқот бо Ҷонибек Ҳикмат, намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ рӯзи 24-уми октябр дар Ню Йорк ин масъаларо матраҳ кардааст.
Мери Лолор дар шабакаи Х (собиқ Твиттер) навишт, ки “дар мулоқот бо намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ бори дигар масъалаи озод кардани ҳомиёни ҳуқуқи инсон аз зиндонҳои Тоҷикистон, аз ҷумла озодии журналистони зиндонӣ Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Улфатхоним Мамадшоеваро дар миён гузоштам”.
Қаблан ҳам Мэри Лолор дар мавриди боздошту ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ намудани рӯзноманигорон изҳорот нашр карда, аз ҳукумати Тоҷикистон талаб карда буд, ки онҳоро бечунучаро озод намояд.

Аз ҷумла, ӯ натиҷаи сафараш дар моҳи декабри соли 2022 дар Тоҷикистонро нашр кард ва дар он ҳабси 9 рӯзноманигору блогери тоҷикро шадидан интиқод намуда буд.
Он замон гузоришгари вижаи СММ аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо карда буд, ки “далели воқеӣ ва заминаҳои ҳуқуқии боздошт, иттиҳом, ҳабс ва ҳукми содиршудаи ҳар яки ин ҳомиёни ҳуқуқро” ошкор кунад.
Дигар созмонҳои байналмилалӣ ҳам дар ин робита борҳо изҳорот нашр карда, хостори раҳоии рӯзноманигорони маҳкумгардида шуда буданд. Аз ҷумла, Созмони байналмилалии Гузоришгарони Бидуни Марз (RSF) Тоҷикистонро барои сензураи доимӣ интиқод карда, хостори раҳоии хабарнигорони маҳкумшуда дар соли 2022 шуда буд.
Сабзӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 2 баробар гарон шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 апрели соли 2025
Дар пайи заминларза дар Тоҷикистон як кӯдаки 3-сола ҷон бохта, 29 хона ва як мактаб зарар дидааст
Ҷазои сангин. Барои истифодаи ғайриқонунии барқ ва сарпечӣ аз пардохти пули он кӣ ва чӣ гуна муҷозот мешавад?
Чӣ бояд кард, агар телефонатонро дузданд ва ё он гум шуд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2025
Киҳо муовини Рустами Эмомалӣ интихоб шуданд?
Баррасии тақвияти ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Имомгалӣ Тасмагамбетов
Фоида аз саҳмияҳои НБО “Роғун”. Қарори Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тақсими даромади ин нерӯгоҳ ба саҳмдорон
Ҳушдор ва дархости ду ниҳод. Дар Тоҷикистон то 14-уми апрел хатари фаромадани тарма ва омадани сел боқӣ мемонад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста