Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон сабаби берун кардани гурӯҳи “Толибон”* аз рӯйхати созмонҳои мамнӯъ дар ин кишварро шарҳ дод.
Ӯ дар нишасти кишварҳои узви Созмонҳои Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) гуфтааст, ки барои рушди ҳамкориҳо бо ҳукумати Афғонистон, ки “Толибон” онро дар даст дорад, ҳукумати Қазоқистон ин созмонро аз рӯйхати созмонҳои терористӣ дар ин кишвар хориҷ кардааст.
“Қазоқистон режими “Толибон”-ро бо назардошти аҳамияти рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо Афғонистони муосир ва дарки он, ки ин ин режим барои дарозмуддат сари кор аст, аз рӯйхати террористӣ хориҷ кард”, - изҳор доштааст Тоқаев.
Ӯ инчунин, ҷалби Афғонистонро барои ҳамкориҳои минтақавӣ яке аз вазифаҳои стратегӣ унвон карда аз дигар аъзоёни СПАД даъват кардааст, ки ташаббуси Қазоқистонро дар мавриди таъсиси Маркази Созмони Миллали Муттаҳид дар умури таъмини рушди устувори Осиё Марказӣ ва Афғонистон дастгирӣ кунанд.
Дар ҳамин ҳол чанд рӯз қабл Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия робита бо Толибонро амри зарурӣ дониста буд. Ба ӯ чанд ниҳоди расмии давлаташ, аз ҷумла, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати адлияи Русия низ пешниҳод карда буданд, ки ин гурӯҳро аз феҳристи созмонҳои мамнӯъ дар Русия хориҷ кунад.
Путин гуфта буд, ки дар Афғонистон мушкилоти зиёде вуҷуд дорад ва инкори он ғайриимкон аст, аммо воқеият ин аст, ки айни замон идораи Афғонистон дар дасти Толибон мебошад.
“Бояд бо таваҷҷӯҳ бо ин воқеият амал кард ва равобити худро муносиб бо он танзим кард. Ин ки чӣ гуна бо онҳо робита барқарор кард, пурсиши дигаре аст, аммо ба наҳве бо онҳо бояд робита дошта бошем”, - таъкид карда буд Владимир Путин.
Бояд гуфт, ки ҳанӯз моҳи декабри соли гузашта мақомоти Қазоқистон тасмими ихроҷи “Толибон” аз аз рӯйхати созмонҳои мамнӯъ дар кишварро гирифта буданд.
Айбек Смадияров, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон ба хабаргузории “Казинформ” гуфта буд, ки дар Қазоқистон мунтазам феҳристи миллии созмонҳои террористии дар кишвар мамнӯъро бо мақсади мубрамият бознигарӣ мекунанд.
“Дар доираи ин раванд тасмим гирифта шуд, ки ҳаракати “Толибон” тибқи амалияи СММ аз он хориҷ карда шаванд. Ҳамин тариқ, тибқи қатъномаҳои Шӯрои Амнияти СММ, ки ҳатмӣ мебошанд, ҷунбиши “Толибон” ба феҳристи созмонҳое, ки Шӯрои Амнияти Созмони Милал ҳамчун террорист эътироф кардааст, шомил нест”, - гуфта буд Смадияров.
Додгоҳи олии Қазоқистон моҳи марти соли 2005 “Толибон”-ро созмони террористӣ эълон карда, фаъолияташро дар қаламрави ин кишвар манӯъ карда буд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - «Афғонистон» бихонед.