Омбудсмен ё Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон шароити нигоҳдории маҳбусон дар зиндонҳо, аз ҷумла аз меъёр зиёд нигоҳ доштани маҳбусон, ба вируси норасоии масунияти бадан олуда шудан (ВИЧ), гирифторӣ ба бемории сил ва фавти маҳбусонро дар зиндонҳо интиқод кардааст.

Ба иттилои Омбудсмен, дар зиндонҳои кишвар қариб 600 нафар бештар аз меъёр маҳбус нигоҳ дошта мешавад.

Ин ниҳод дар гузориши солонаи худ, ки соли 2024 нашр шуда, соли гузаштаро дар бар мегирад, навиштааст, ки яке аз     мушкилоти боздоштгоҳ ва маҳбасҳо дар кишвар аз доираи меъëр зиëд нигоҳ доштани маҳбусон мебошад.

Ба таъкиди ин ниҳод, “чунин вазъ ба вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ оварда мерасонад, ки меъëри майдони истиқоматиро ба ҳисоби ҳар як шахс на кам аз чаҳор метри мураббаъ муқаррар намудааст”.

Санҷиши Омбудсмен маълум кардааст, ки дар маҳбас ё Муассисаҳои ислоҳиии ЯС 3/4 -ум 300 нафар, Муассисаи ислоҳии ЯС 3/7-ум 162 нафар ва Муассисаи ислоҳии ЯС 3/3-уми 136 маҳкумшуда аз меъëр зиëд нигоҳ дошта мешаванд.

350 кас ба ВИЧ олуда ва беш аз 100 нафар гирифтори бемории сил

Ин ниҳоди ҳифзи ҳуқуқи инсон дар кишвар нигаронӣ кардааст, ки дар самти ҳифзи саломатии маҳкумшудаҳо ҳам мушкилот ба назар мерасад. Ин мавҷуд будани бемории сил ва вируси норасоии масунияти одам (ВHMО) мебошад.


Ба иттилои Омбудсемен ба ҳолати 1-уми январи соли 2024 350 нафар ба вируси норасоии масунияти одам (ВHMО) мубтало шуда, 101 нафар аз бемории сил ранҷ мебаранд.

Фавти 53 маҳбус аз бемории дилу рагҳои хунгард, диабети қанд ва саратон

Мушкили дигар ба гуфтаи ин ниҳод, фавти маҳкумшудаҳо мебошад, ки то ҳол нигароникунанда боқӣ мемонад.

Ваколатдор гуфтааст, ки соли гузашта 53 нафар дар зиндонҳо фавтидаанд, ки ин нисбат ба соли 2022 8 кас (соли 2022-юм 61 нафар фавтидаанд) камтар аст. Сабаби асосии фавти онҳо”бемориҳои системаи дилу рагҳои хунгард, диабети қанд ва саратон мебошад”.

Беш аз 13,5 ҳазор зиндонӣ дар кишвар

Ба иттилои Омбудсмен, ба ҳолати 1-уми январи соли 2024 дар зиндону боздоштгоҳи кишвар 13  ҳазору 556 маҳкумшуда ва 1 ҳазору 355 гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаҳо нигоҳ дошта мешаванд. Аз ин, 14 ҳазору 466 мард, 455 зан, 134 ноболиғ ва 244  шаҳрванди хориҷӣ мебошанд.

Ин ниҳод навиштааст, ки “нисбати шахсоне, ки дар муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ рафтори намунавӣ нишон медиҳанд, чораҳои ҳавасмандгардони татбиқ карда мешавад”.


“Дар соли 2023 ҷиҳати таъсиррасонӣ ва тарбияи маҳкумшудаҳо аз муассисаҳои ислоҳӣ ба муассисаҳои ислоҳии сукунат 1 445 (соли 2022 – 1 403) маҳкумшуда барои адои минбаъдаи ҷазо гузаронида шуда, дар ин давра 174 (соли 2022 – 68)  маҳкумшуда шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод карда шудаанд. Ҳамчунин, муҳлати адонагардидаи 12 маҳкумшуда бо ҷазои сабуктар (корҳои ислоҳӣ) иваз карда шудааст”, - омадааст дар гузориши Омбудсмен.

Роҳи ислоҳшавӣ-китобхонӣ

Ин ниҳод гуфтааст, ки яке аз роҳҳои ислоҳшавии зиндониҳо ташкили китобхона ва ба мутолиаи китоб ҷалб кардан аст.

Ба таъкиди онҳо, бо ин мақсад дар тамоми муассисаҳои ислоҳӣ китобхонаҳо ташкил карда шуда, махзани китобхонаҳо бо 52 886 адабиëти мазмуни таърихию ватандȳстӣ, бадеӣ ва хусусияти тарбиявидошта ғанӣ гардонида шудаанд.

Дар гузориш омадааст, ки сoли 2023 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 20 мурoҷиати хаттӣ аз сӯи маҳкумшудаҳo ва наздикoни oнҳo вoрид шудааст.

Мазмуни мурoҷиатҳo аз ҷумла “эҳтимoлияти лату кȳби маҳкумшудаҳo, дастрас нагардидани мурoҷиат ба унвoнии Омбудсмен, нoрoзигӣ аз натиҷаи тафтишoти парванда ва санади судӣ, ҷoйгир намудани маҳкумшуда ба муассисаи муoлиҷавӣ... таъин намудани ҷазoи сабуктар, oзoд намудан аз адoи минбаъдаи ҷазo, татбиқи бахшиши ҷазo, гузарoнидан ба муассисаи сукунатӣ” мебошад.

Санҷиши ин ниҳод дар тавқифгоҳи нигоҳдошти мувақкатии шуъба ва раёсатҳои ВКД дар шаҳру навоҳии Бохтар, Кȳлоб, Рашт ва Лахш нишон додааст, ҷойи оббозӣ ва ҳоҷатхона ба таъмир ниёз дошта, ҷойи сайругашти дастгиршудаҳо бо болопȳш маҳкам нашуда,  дастгиршудаҳо танҳо аз ҳисоби волидайн ва хешу таборон бо хӯрок таъмин мешаванд.


6 ҳуҷраи иловагӣ барои маҳбусони якумрӣ

Омбудсмен дар бахше аз гузориши худ аз беҳтар шудани шароити зиндониён дар баъзе аз маҳбасҳо ситоиш карда, аз ҷумла гуфтааст, барои маҳбусони якумрӣ “шаш ҳуҷраи иловагӣ, 10 таҷҳизоти обгармкунӣ сохта ба истифода дода шуда, шароит барои шустушȳи бадан бо оби гарм, гармкунии хуҷраҳо, оби нȳшокӣ ва мутолиаи китоб ва рȳзномаю маҷаллаҳо таъмин карда шудааст”.

Ин дар ҳолест, ки Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар моҳи апрели имсол “аз ҳад зиёд будани зиндониҳоро дар маҳбасҳои Тоҷикистон” мушкили ҷиддӣ номида буд.

Аз он пеш рӯзноманигори зиндонӣ Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ба наздиконаш шикоят кардааст, ки танҳо дар як утоқ то 60 нафарро бе дастрасии кофӣ ба об нигаҳ медоранд.

Дар ҷараёни мурофиа, ӯ бо ирсоли номае аз дохили зиндон шикоят кард, ки аз рӯзи аввал зери фишори равонӣ ва шиканҷа қарор дошт, то иттиҳоми ба қавлаш “бофтаву сохтаи” мақомоти тафтишотиро ба дӯш бигирад.

Вале дертар, Абдуқаҳҳор Тағозода, додраси Додгоҳи олӣ дар нишасти матбуотии ин ниҳод гуфта буд, шикояти Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар робита ба шиканҷа шуданаш тасдиқи худро наёфт.

Камера насб кунед! Тавсияҳои Омбудсмен

Омбудсмен бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар зиндонҳо тавсияҳо пешниҳод кардааст.

Аз ҷумла, бештар истифода намyдани чораҳои ҳавасмандгардонии шартан пеш аз мyҳлат аз адои ҷазо озод намyдан, aндешидaни чоpaҳо ҷиҳaти бо ҷои коp тaъмин нaмудaни зиндониҳои собиқ ва насби камераҳо дар “ҷойҳои зapуpӣ”-и маҳбасҳо мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.