Раффаэле Манҷаларди, муҳандиси итолиёвӣ бо зиёда аз 20 сол собиқаи корӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва худкор гардонидан (автоматӣ кардан)-и ҷараёнҳои тиҷорат дар бораи чӣ гуна дар Тоҷикистон ҷорӣ намудани низоми ҳушманди идоракунии партовҳо изҳори назар кард.

Бисёре аз кишварҳои ИДМ имрӯз идоракунии партовҳояшонро бо истифода аз равандҳо ва моделҳои замони Шӯравӣ, ки аллакай коршоямии худро комилан аз даст додаанд ва аз нуктаи назари технологияҳо ва иқтисод ба воқеияти муосир мувофиқат намекунанд, ба роҳ мондаанд.

Шаҳрҳои калон аз чунин мушкилот азият кашида, сарбории зистмуҳитӣ (экологӣ)-и хеле зиёд ва норасоии шадиди корхонаҳои муосири коркарди партовҳо ва майдонҳо барои партовро эҳсос мекунанд.

Аммо, ҳалли масъала вуҷуд дорад. Дар ҷаҳони муосир технологияҳо босуръат ба соҳаҳои гуногуни зиндагӣ ворид мешаванд, ҳатто ба идоракунии партовҳо. Масалан, як системаи идоракунии партовҳо, ки технологияҳои муосирро истифода мебарад, партови ҳушманд (интеллектуалӣ) мебошад.


Системаи партови ҳушманд натанҳо раванди ҷамъоварӣ ва коркарди партовҳоро самараноктар мекунад, балки экологӣ ҳам мебошад.

Дар Душанбе аллакай ба рақамикунонии пойтахт машғуланд – аз ҷумла, КВД «Шаҳри ҳушманд дар Тоҷикистон. Пеш аз ҳама, инноватсияҳо ба соҳаҳои системаи нақлиёти ҳушманд, хоҷагии манзилию коммуналии рақамӣ, тандурустӣ ва маориф дахл мекунанд.

Ба гуфтаи Раффаэле Манҷаларди, директори техникӣ ва муҳандиси ширкати итолиёвии DLM Sistemi, ки ба ҳалли масъалаҳои идоракунии партовҳо тахассус дорад, системаи партови ҳушманд инчунин метавонад бо яке аз бахшҳои консепсияи «Шаҳри ҳушманд» мутобиқ бошад. Дарвоқеъ, системаи партови ҳушманд аз ҳалли инноватсионии муосир, ҳифзи муҳити зист ва шаҳри тоза иборат аст.


Раффаэле махсус ба Душанбе омадааст, то ки дар бораи маҳз чӣ гуна кор кардани системаи ҳушманди коркарди партовҳо маълумот диҳад ва бо истифода аз фурсати қулай, “Азия-Плюс” ба ӯ бо якчанд савол муроҷиат кард.

- Дар бораи худ ва фаъолияти кориатон маълумот медодед

- Ман муҳандис бо таҷрибаи бисёрсола дар ширкати итолиёии DLM Sistemi буда, ба таҳияи таъминоти барномавӣ ва дастгоҳҳо, ҳамгироии системаҳо барои ҳалли вазифаҳои мураккаб машғулам. Яке аз самтҳои корам идоракунии партовҳо мебошад. Мо системаи идоракунии партовҳоро таҳия намудем, ки дар Италия муваффақона фаъолият мекунад ва ба меъёрҳои ҳукумати Италия ва мақомоти маҳаллӣ мувофиқ мебошад.

Ҳадафи кунунии Иттиҳоди Аврупо (ИА) — сиёсати муҳиму ҷолиби расидан ба «партови сифр” мебошад. Системаи мо миқдори партовҳои ҷамъоваришударо баҳогузорӣ ва манбаи онҳоро пайгирӣ карда, ин маълумотро ба мақомоти масъул ба ҷамъоварии партовҳои шаҳрдорӣ пешниҳод менамояд. Минбаъд ин маълумот барои баҳогузории ҳаҷми партовҳо, муайян кардани соҳаҳо барои беҳбудӣ ва амалисозии барномаҳои ҳавасмандгардонӣ кумак мекунад.


Мо натанҳо партовҳои муқаррарии шаҳр, балки партовҳои хатарноки маҳал, аз ҷумла батарея, чароғҳо (лампаҳо) ва дигар дастгоҳҳои электрониро низ коркард мекунем. Системаи мо инчунин миқдори ин партовҳоро баҳогузорӣ мекунад, ки ба қабули қарорҳои асоснок оид ба коркард ва истифодаи дубораи мавод мусоидат менамояд.

- Ба назари шумо, вазъияти идоракунии партовҳо дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?

- Бар асоси таҳқиқотҳои аввалияи ман, Тоҷикистон метавонад аз ҷорисозии низоми оқилонаи идоракунии партовҳо баҳра барад. Ҳукумат ба эҷоди заминаҳои соҳаи устувори коркарди партовҳо бо шумули ҷамъоварӣ, коркарди дубора ва истифодаи такрории онҳо ҳамчун ашёи хом имкон дорад. Бо мақсади ҳифз, нигоҳдорӣ ва беҳтар кардани сифати муҳити зист, таъмин намудани ҳифзи солимии инсон ва баланд бардоштани сатҳи бароҳатии шароити шаҳр, инчунин тарғиби усулҳои иқтисоди даврашакл дар ҳамдастӣ бо ҳукумат ва мақомоти маҳаллӣ таҳияи нақшаи миллӣ зарур аст.


- Хароҷот ва муҳлатҳои тахминии бунёди чунин система чӣ гунаанд?

- Хароҷоти дақиқро пешакӣ муайян кардан душвор буда, ҳамааш ба ҳадафҳои гузошташуда вобаста хоҳад буд. Аввалан, таҳияи нақшаи марҳилавӣ бо муқаррар намудани ин ҳадафҳо барои солҳои наздик лозим аст. Пурра ҷорисозии низоми идоракунии ҳушманди партовҳо аз ахлотдон то коркарди дубора дар саросари кишвар дар давоми 5-10 сол имконпазир аст, бо шарти вуҷуд доштани вазифаҳои дақиқ муқарраршуда ва самаранокии иҷрои онҳо.

- Чаро сокинони шаҳр метавонанд ба низоми оқилонаи идоракунии партовҳо таваҷҷуҳ зоҳир кунанд? Он барои одамони одӣ чӣ манфиатҳо дорад?

- Пеш аз ҳама, чунин система ба коҳиши миқдори партовҳо кумак мекунад. Бунёди чунин система метавонад самаранокии равандҳои идоракунии партовҳоро дар шаҳр беҳтар намуда, ба мақомоти шаҳр имконият диҳад, ки пайгирӣ (мониторинг) ва ҳамкорӣ бо таъминкунандагони хизматрасониро дар вақти воқеӣ анҷом диҳанд. Ин беҳтаргардонӣ (оптимизатсия) ба туфайли идоракунии оқилона ва пурсамари партовҳо таъсири экологиро кам мекунад.


Ғайр аз ин, ман ҳар рӯз мебинам, ки ин вазъ ба муҳити зист таъсири мусбат мерасонад. Низоми оқилонаи идоракунии партовҳо ба туфайли идоракунии оқилона ва самараноки партовҳо, таъсири экологиро коҳиш медиҳад.

Инчунин, он имкон медиҳад, ки шиша, пластик ва дигар партовҳо ҳамчун захираҳо барои истеҳсоли маҳсулоти нав такроран истифода шаванд. Аз партовҳои электронӣ бахусус металлҳои қиматбаҳо, аз қабили тилло, литий ва металлҳои нодир гирифтан мумкин аст.

Илова бар ин, татбиқи низоми оқилонаи идоракунии партовҳо ҷойҳои нави корӣ фароҳам меорад: барои нигоҳдорӣ ва дастгирии техникӣ мутахассисон лозим мешаванд.


- Масалан, ман дар дастам партове дорам, ки онро ба сатили ахлот партофтам. Минбаъд бо он чӣ мешавад?

- Партовҳои ҷудогона ҷамъоваришуда аз равандҳои коркарди дубора мегузаранд, ки дар онҳо ҳамчун ашёи хом барои мавод ё маҳсулоти нав истифода мешаванд. Ин равиш на танҳо захираҳоро сарфа мекунад, балки таъсир ба муҳити зистро низ камтар мекунад.

Масалан, дар Италия партовҳо ба таври ҷудогона аз рӯи навъ ҷамъоварӣ мешаванд: коғаз, шиша, пластик ва металл, ки ин ба коркарди самараноки онҳо мусоидат мекунад.


- Оё дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низоми оқилонаи партовҳо мавҷуд аст?

- Чунин системаҳо ба ҳамин навъе, ки мо ҳозир мебинем, натанҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар тамоми қаламрави ИДМ вуҷуд надоранд. Қадамҳои аввалин дар ин самт дар Русия гузошта мешаванд, аммо ин аз он чизе, ки мо онро ҳамчун низоми оқилонаи партовҳо мешуморем, дур аст. Дар ин ҷода Тоҷикистон имконият дорад, ки аввалин бошад.

- Агар аҳолӣ ба ҷудо кардани партовҳо одат накарда бошад-чӣ?

- Маҳз бо ҳамин сабаб вақт лозим аст. Албатта, ҳеҷ кас интизор надорад, ки аллакай фардо ҳама пластик ва шишаро ҷудо кунанд.


Дар Италия аз омӯзиш дар мактабҳо оғоз ва маъракаҳои иттилоотӣ ташкил карданд. Ҳукумати маҳаллӣ мусобиқаҳо ташкил мекард, масалан, синфҳо дар ҷамъоварии ҷудогонаи коғаз ва пластик рақобат мекарданд. Иштирокчиён ҷоизаҳои муфид мегирифтанд, ки барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ муҳим аст, то ки онҳо дар хона гуфта тавонанд, ки: «Модар, ту ҳама чизро омехта мекунӣ. Муаллим гуфт, ки бояд ҷудо кунем».

Ҳамчунин, низомҳои гуногуни мукофот ё бонусҳо (тахфифҳои андоз, ваучерҳо барои харидҳои маҳаллӣ) ва ҷазоҳо (ҷаримаҳо барои ҷудо накардан) хуб кор мекунанд.

- Имконияти роҳандозии чунин низомро дар Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Пеш аз ҳама, мо бояд барои муайян кардани самараноктарин низоми ҷамъоварӣ ва ҷудокунӣ бо назардошти хусусиятҳои минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон (зиёду камии зичии аҳолӣ, минтақаҳои кӯҳӣ) таҳқиқ анҷом диҳем. Бунёди чунин низом бояд тадриҷан дар ҳамдастӣ бо ҳукумат ва мақомоти маҳаллӣ роҳандозӣ шавад.


- Чӣ гуна дар ҳолати зарурат шахсони манфиатдор аз ҳукумати кишвар ё мақомоти шаҳрӣ метавонанд бо шумо тамос гиранд, зеро тавре ки мо медонем, шумо барои муддати кӯтоҳ ба Тоҷикистон омадед?

- Дарвоқеъ, вақти бозгашти ман ба Италия фаро расидааст. Дар сурати зоҳир шудани таваҷҷуҳ аз ҷониби ҳукумати кишвар ё мақомоти шаҳрӣ, мо омодаем, ки бо хушнудӣ вохӯрда, нақшаи муштараки роҳандозии идеяи низоми оқилонаи партовҳоро дар Тоҷикистон баррасӣ ва якҷоя таҳия намоем. Ва, албатта, ман тамосҳои худро барои робита мегузорам.

Бо забони тоҷикӣ ва русӣ: Тел./WhatsApp: +79523514444, e-mail: [email protected]

Бо забони англисӣ: Тел./WhatsApp: +39 335 6212051, e-mail: [email protected]

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.