Акнун дорандагони кортҳои “VISA”-и Аввалин бонки молиявии хурд метавонанд аз хизматрасонии нав истифода баранд. Онҳо метавонанд кортҳои худро ба “Google Wallet” пайваст кунанд.

Ин имкон медиҳад, ки пардохтҳои бидуни тамос бо истифода аз технологияи NFC на танҳо дар қаламрави Тоҷикистон, инчунин берун аз он низ анҷом дода шавад. Акнун шумо ба пардохти қулай барои харид дар мағозаҳо, қаҳвахонаҳо ва дигар нуқтаҳои хидматрасоние, ки дорои технологияи NFC мебошанд, дастрасӣ доред.

Ба ғайр аз пардохти молу хизматрасониҳо, инчунин, мизоҷон метавонанд, аз банкоматҳо ва хазинаҳои Аввалин бонки молиявии хурд, ки бо дастгоҳҳои NFC муҷаҳҳаз шудаанд, пули нақд гиранд, ки пайваста раванди истифодаи хизматрасониҳои бонкиро осонтар менамояд.

Хизматрасонӣ аллакай барои истифодабарандагони дастгоҳҳои “Android” дастрас аст. Он имкон медиҳад, кортҳои “Visa”-ро зуд ва осон ба “Google Wallet” пайваст кунанд. Ин амалиётро метавонед тавассути худи барномаи “Google Wallet” ва ҳам тариқи ҳамёни мобилии “FMFB Mobile” анҷом диҳед.

Аввалин бонки молиявии хурд кӯшиш мекунад, ки хизматрасониҳои бонкиро тавассути таъмин намудани стандарти баланди бехатарӣ ва муосир ба ҳар як мизоҷ дастрас ва қулай гардонад.

Муфассал: 0909

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.