Имрӯз, аз 2-юми октябри соли равон сабтиноми онлайнӣ дар барномаи «Diversity Visa»-2026 (лотереяи "Green Card") оғоз гардид ва он то 5-уми ноябри соли 2024 давом мекунад. Сафорати ИМА дар Тоҷикистон бо эълони ин хабар гуфт, ки ягона роҳи дархост барои ширкат дар ин барнома тавассути сомонаи https://dvprogram.state.gov аст.
"Азия-Плюс" ба саволҳои маъмултарин дар бораи пур кардани саволномаи "Green Card" ҷавобҳои мушаххас ҷамъ овард. Маслиҳати мо дар пур кардани мустақилонаи ариза ба шумо кӯмак хоҳанд кард.
Анкетаро дар куҷо пур кардан мумкин аст?
Ҳар як иштирокчӣ метавонад мустақилона саволномаро бо забони англисӣ дар суроғаи зерин пур кунад: https://dvprogram.state.gov
Мо тавсия медиҳем, версияи навтарини браузерҳоро истифода баред, зеро браузерҳои кӯҳна (масалан Internet Explorer 8) метавонанд системаи онлайнии DV-ро дуруст боз накунанд.
Бақайдгирӣ дар барнома ройгон аст!
Оё бо шиносномаи тоҷикӣ ҳам мешавад, ки сабтином кард?
Бале, шурӯъ аз соли 2022 шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бо шиносномаи миллӣ худро дар лотереяи Грин-корт сабти ном кунанд.
“Вале шахсоне, ки шиносномаи хориҷӣ доранд, беҳтараш бо он худро ба қайд гиранд. Зеро давоми корҳои ҳуҷҷатгузорӣ дар ҳолати бурди Грин-корт бо шиносномаи хориҷӣ сурат мегирад”, - тавсия медиҳанд аз Сафорати Амрико дар Тоҷикистон.
Пур кардани саволнома чӣ қадар вақт мегирад?
Барои ҳамаи пурсишҳо 30 дақиқа вақт дода мешавад. Пас аз он ки шумо ҳамаи пурсишҳоро пур кардед, боз як имконияти баргаштан ва ислоҳи хатоҳо пайдо мешавад.
Оё ман метавонам анкетаро ду маротиба пур кунам?
Не. Як шахс метавонад дар як сол танҳо як маротиба дар лотерея иштирок кунад. Пешниҳодҳои такрорӣ рад карда мешаванд ва шумо аз ҳаққи иштирок дар лотерея маҳрум хоҳед шуд.
Агар системаи DV аризаи маро қабул накунад, оё ман метавонам онро дубора пешниҳод кунам?
Бале. Агар шумо паёме нагирифтаед, ки дархости шумо аз ҷониби система қабул шудааст, шумо метавонед варақаро дубора пур кунед.
Агар шумо варақаро комил пур карда фиристодаед, вале паёми тасдиқи онро дарёфт накардаед, метавонед, ҳар чанд бор, ки хоҳед, дархост диҳед. Пас аз гирифтани паёми тасдиқӣ, ариза пешниҳодшуда ҳисобида мешавад ва ба шумо лозим нест, ки бори дигар онро пешниҳод кунед.
Тасдиқномаро дарҳол мегирам?
Огоҳиномаи қабули аризаи электронӣ дар системаи DV фавран пас аз фиристодани дархост дар экрани компютери шумо пайдо мешавад.
Дар он рақами тасдиқкунанда дарҷ шудааст, ки шумо онро бояд ҳатман нигоҳ доред. Агар ягон огоҳинома дар бораи гирифтани дархости фиристодаатон пайдо нашавад, шумо метавонед, то вақти гирифтани огоҳинома тугмаи "Ирсол" («Submit», «Отправить»)-ро пахш кунед. Рақами тасдиқро нигоҳ доред, то натиҷаро тафтиш намоед.
Агар мустақилона пур кардани анкета бароям душвор бошад, ба куҷо метавонам муроҷиат кунам?
Маъмулан, хидматрасонии пур кардани Green Card аз ҷониби марказҳои омӯзишӣ, марказҳои раводид, инчунин, марказҳои хусусӣ ва шахсони алоҳида дар марказҳои савдо, офисҳо ва ҷойҳои серодам дар ҳама шаҳру минтақаҳои Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Ин кумак чӣ қадар нарх дорад?
Дар ин марказҳо пур кардани саволнома аз 50 то 100 сомонӣ барои як нафар ва барои оила аз 100 то 200 сомонӣ арзиш доранд. Вобаста ба мавқеи ҷойгиршавии нуқтаҳои пуркунии Green Card нархи хидматраоснӣ фарқ мекунад.
Оё онҳо фиреб намедиҳанд?
Департаменти давлатии ИМА тавсия медиҳад, ки варақаҳои аризаро мустақилона, бидуни кӯмаки "мушовирон", "намояндагии раводид" ё дигар шахсоне, ки аз номи довталаб дархост пешниҳод мекунанд, пур кунед.
Агар бо ин вуҷуд тасмим гирифтаед, ки аз кӯмаки касе истифода кунед, пас ҳангоми омода кардани пурсишнома, шумо бояд шахсан ҳозир бошед, то ба саволҳо ҷавоби дуруст диҳед, саҳифаи тасдиқкуниро чоп кунед ва шахсан шумораи тасдиқии (код) худро гиред.
Барои пур кардани ариза ба ман кадом маълумоти шахсӣ лозим мешаванд?
Дар саволнома оид ба маълумоти шахсӣ бояд 14 нукта пур карда шавад: ному насаб, ҷинсият, санаи таваллуд, ҷои таваллуд, кишвари таваллуд, шаҳрвандӣ барои иштирок дар барномаи DV.
Акси довталаб, суроғаи почта, кишвари истиқомат, рақами телефон, суроға, сатҳи таҳсилот, вазъи оилавӣ ва маълумот дар бораи кӯдакон низ талаб карда мешавад.
Талабот ба аксҳо чӣ гуна аст?
Аксҳое, ки ба онҳо тағйирот ворид шуда бошанд, инчунин, агар суратҳо ба талабот ҷавобгӯ набошанд, аз ҳаққи иштирок маҳрум мешаванд. Пешниҳоди аксҳое, ки дар бозии қаблии грин-корт истифода шуда буданд, боиси рад шудани дархости шумо мегардад.
Талабот барои аксҳо:
- Акси ранга;
-Шахсе, ки аксбардорӣ мешавад, бояд мустақиман ба камера нигарад;
-Сари одам набояд ба боло, ба поён ё ба паҳлӯ гардонида бошад;
-Баландии сар бояд аз 50% то 69% аз баландии умумии чаҳорчӯба бошад;
-Заминаҳои (фон) нейтралии ранга (масалан, сафед). Заминаҳои торик ё намунавӣ қобили қабул нестанд;
- Шахси дар акс буда набояд айнак пӯшад ва лавозимоти дигаре дошта бошад, ки рӯяшро пӯшонад;
-Акси шахсоне, ки сарҳояшонро пӯшонидаанд ё кулоҳҳо мепӯшанд, танҳо дар сурате қабул карда мешавад, ки ин ба эътиқоди динии онҳо вобаста бошад, ба шарте ки ягон қисми рӯйашон пинҳон набошад;
-Акс набояд соя дошта бошад.
Истифодаи аксҳое, ки аз шаҳодатномаи ронандагӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои расмӣ скан карда шудаанд, манъ аст. Илова бар ин, аксҳо аз маҷаллаҳо, аксҳои селфи, ба камераи телефони мобилӣ гирифта шуда ва аксҳои ба тамоми қад қабул карда намешаванд.
Талаботи техникӣ барои акс чигуна аст?
- Тасвир бояд дар формати JPEG бошад;
- Андозаи максималии тасвир 240 килобайт (240 KB);
- Қарори тасвир: дарозии 600 пиксел, паҳнои 600 пиксел (600x600px);
- Умқи ранг: 24 бит.
Намунаҳои аксҳоро дар саҳифаи Photo Requirements ба аксҳо санҷед. Шумо инчунин метавонед аксро дар саҳифаи асосии бақайдгирии онлайн ё дар greencardphotocheck.com тафтиш кунед.
Номи зодгоҳам иваз шудааст. Чӣ гуна мешавад?
Агар дар шиносномаи шумо номи пешинаи шаҳре, ки шумо таваллуд шудаед, дарҷ гардида бошад, аммо ҳоло номи шаҳр иваз шудааст, ҷойи нигаронӣ нест. Аввал номи кӯҳна ва баъд номи навро бо дефис ҷудо карда нависед. Масалан: Qurghonteppa – Bokhtar.
Оё ворид кардани аксҳои ҳамаи аъзоёни оила ҳатмист?
Бале, бояд аксҳои охирини (дар 6 моҳи охир гирифташуда) довталаб, ҳамсар ва ҳамаи фарзандони дар ариза нишондодашуда ворид карда шавад.
Аксҳои гурӯҳӣ қабул карда намешаванд. Барои ҳар як аъзои оила сурати алоҳида лозим аст.
Беҳтарин суроғаи почтаи электронӣ кадом аст?
Ҳамон суроғаи почтаи электронӣ бояд пешниҳод карда шавад, ки довталаб ҳамеша ба он дастрасии мустақим дошта бошад. Аммо Департаменти давлатӣ ҳеҷ гоҳ дар бораи бурд дар лотереяи DV тавассути почтаи электронӣ хабар намедиҳад. Агар шумо чунин мактуб гирифта бошед, ин эҳтимолан қаллобҳоеанд, ки мехоҳанд, бо роҳи фиреб аз шумо пул ситонанд.
Агар шумо дар лотерея ғолиб оед, он гоҳ ба суроғаи почтаи электронӣ ниёз доред. Натиҷаҳоро танҳо бо ин суроға тафтиш кардан мумкин аст.
Агар шумо бурд кардед, дар ин бахш бояд варақаи махсусро пур кунед. Ва танҳо пас аз он Департаменти давлатӣ ба шумо тавассути почта дар бораи пайдо шудани баъзе маълумоти нав хабар медиҳад. Аз ҷумла, рӯзи мусоҳиба барои гирифтани раводидро.
Оё ҳар кадоме аз ҳамсарон метавонанд аризаи алоҳида пешниҳод кунанд?
Бале, зану шавҳар метавонанд, барои иштирок дар лотерея аризаи алоҳида пешниҳод кунанд, ба шарте, ки ҳар як нафар ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ бошанд.
Агар аризаи яке аз онҳо бурд кунад, нафари дигарӣ ҳамчун узви оила ҳуқуқи гирифтани раводидро пайдо мекунад.
Дар кадом синну сол метавон дар лотерея иштирок кард?
Аз тифли навзод сар карда, ҳама метавонанд иштирок кунанд, аммо то 18 -сола танҳо дар саволномаи волидайн метавонанд, ширкат кунанд. Танҳо баъди 18-солагӣ шумо метавонед мустақилона дар лотерея иштирок кунед.
Агар ман ҳуҷҷатҳоямро ба дигар категорияи раводиди муҳоҷират супорида бошам, метавонам дар лотереяи Green Card иштирок кунам?
Бале, метавонед.
Кай натиҷаи лотереяро тафтиш кардан мумкин аст?
Натиҷаи лотрея моҳи майи соли оянда маълум мешавад.
Дар сурати дарёфти Green Card раводидро аз куҷо метавонам дастрас кунам?
Сар аз соли 2022 шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳолати бурди Green Card метавонанд раводиди Амрикоро аз сафорати ин кишвар дар Душанбе дастрас намоянд. То имрӯз барои дастрас намудани раводид, шаҳрвандони Тоҷикистонро зарур буд, ки ба Қазоқистон сафар кунанд ва аз сафорати ИМА дар ин кишвар раводид бигиранд.
Green Card чӣ гуна афзалиятҳо медиҳад?
Ғолибони лотерея ба зиндагӣ ва кор дар Амрико бо асосҳои қонунӣ ҳуқуқ пайдо мекунанд. Пешниҳоди ариза моҳи ноябр ба охир расида, маъмулан моҳи майи соли оянда ғолибон маълум мешаванд.
Пас аз ин, рӯзи суҳбат бо ғолибон дар консулгарии ИМА таъин шуда, аз рӯи натиҷаҳои он ғолибон метавонанд соҳиби “Green Card” шаванд.
Ин маънои онро надорад, ки шумо ба таври автоматӣ шаҳрванди ИМА мешавед! Green Card - танҳо раводид аст.
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Боздошти сардори Идораи беҳдошти замини Абдураҳмони Ҷомӣ бо гумони заминфурӯшӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста