Пулиси Душанбе се ҷавонро дастгир кардааст, ки ба гуфтаи ин ниҳод, худро корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда, аз шаҳрвандон пул гирифтаанд.

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар пойтахт навиштааст, З.У., А.Ё. ва М. М. бо роҳи зӯроварӣ аз як шаҳрванд 9 ҳазор сомонӣ ва аз нафари дигар 2 ҳазору 300 сомонӣ гирифта, онҳоро латукӯб кардаанд.

Ҳамаи онҳо дар пайи шикояти сокинони ҷабрдида муайян ва боздошт шудаанд.

Назари худи боздоштшудаҳо дар робита ба ин ҳодиса маълум нест.

Мақомот мегӯянд, алайҳи ин нафарон бо иттиҳоми “ғоратгарӣ” (моддаи 248 КҶ) парванда оғоз гардидааст.  Ҳарсеи онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доштааанд.

Бар асоси ин иттиҳом ба боздоштшудаҳо аз се то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад. 

Бояд зикр кард, ки қаблан низ кормандони мақомоти милитсия аз боздошти се нафар хабар дода буданд, ки номбурдагон худро ҳамчун корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда, бо ҳар баҳона аз шаҳрвандон маблағҳои калони пулӣ талаб карда мегирифтаанд.

Аз ҷумла, онҳо аз як нафар ҷавони сокини пойтахт бо далелҳои сохта, барои аз ҷавобгарӣ озод намудан 10-ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардаанд, ки зимни гирифтани 4900-доллар кормандони милитсия онҳоро дастгир намудаанд.

Аммо бо гузашти қариб ним сол аз ин ҳодиса, тақдири боздоштшудагон маълум нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.