Имсол моҳи шарифи Рамазон ба эҳтимоли зиёд 29 рӯзро дар бар мегирад ва 30-юми март иди Фитр таҷлил мегардад. Дар ин бора аз Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи панҷанбеи 27-уми март ҷаласа баргузор карда, дар мавриди иди Фитр қарори ниҳоӣ қабул мекунад.
“Азбаски моҳҳои Раҷаб ва Шаъбон имсол 30 рӯз буданд, ба эҳтимоли зиёд, моҳи Рамазон 29 рӯзро дарбар мегирад. Ҳамаи кишварҳои минтақа, кишвари Русия, Арабистони Саудӣ ва дигар кишварҳои мусулмоннишин айни ҳол ҳамин мавқеъро доранд”, - гуфтанд аз ин Кумита.
Таъкид карданд, ки хулосаи ниҳоӣ бо такя ба нишондоди Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бароварда шуда, аз нигоҳи дини мубини Ислом ҳам қобили қабул аст.
Ба гуфтаи манъулини Кумита, “Паёмбар (с) ҳамагӣ дар умрашон 10 сол рӯза гирифтанд, ки 6 солаш Рамазон 29 рӯзу 4 солаш 30 рӯз будаст”
Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ривоят аст, ки фармуд: “Чанд соле, ки ҳамроҳи Пайғамбар (с) рӯза доштем, рӯзаи 29-рӯзаамон аз рӯзаи 30 рӯзаамон бештар буд” (Ривояти Абӯдовуд).
Ёдовар мешавем, ки моҳи Рамазон расман 1-уми март оғоз шуда буд.
Моҳи бахшиши гуноҳҳо. Далелҳои ҷолиб дар бораи моҳи шарифи Рамазон
Шаби 26 - 27-уми март “Шаби қадр” аст
Садҳо овозхону ҳунарпеша аз Ӯзбекистону Қирғизистон дар ҷашни асосии Наврӯзи Тоҷикистон ширкат мекунанд
Таъсиси “Фонди тақсими фоида” аз фурӯши нерӯи барқи “Роғун”
Мақомоти Тоҷикистон бори дигар аз муҳоҷирон хостанд, ҳузурашон дар Русияро қонунӣ гардонанд ва пеш аз сафар аз санҷиш гузаранд
Кӯдакони муҳоҷирони тоҷик чӣ гуна ба мактабҳои Русия қабул карда мешаванд?
Амрико 10 миллион доллар ҷоиза барои боздошти Сироҷиддин Ҳаққониро бекор кард
Қирғизистон Шартномаи марз бо Тоҷикистон ва созишномаҳо дар бораи роҳ ва чорроҳаҳоро ба тасвиб расонид
Ҷоми Осиё-2027. Тоҷикистон марҳилаи интихобиро бо пирӯзӣ оғоз кард
Барои афзоиши истеҳсоли гӯшту тухм ва асалу моҳӣ 133 млн сомонӣ ҷудо мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста