Душанбе. 8 апрел. «Азия-Плюс» - | Мӯҳлати бастани маҷрои рӯди Вахш барои сохтани сарбанди Роғун пас аз пурра барқарор намудани нақбҳои обпарто муайян хоҳад шуд. Дар ин бора вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ рузи панҷшанбе зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.
«Бастани маҷрои дарёи Вахш мушкиле надорад, фақат он, ки яке аз ду нақби обпарто пурра барқарор нашудааст», - афзуд вазир.
Ба гуфтаи ӯ, нақбҳои мазкур ҳанӯз замони шӯравӣ сохта шуда аввалҳои соли 90-уми асри гузашта бар иллати обхезиҳо хароб шуданд.
«Корҳои барқарорсозӣ дар нақби аввали обпарто анҷом ёфтанд. Феълан 6 ҳазор нафар дар барқарорсозии нақби дуввум кор мекунанд. Пас аз ин мӯҳлати дақиқи баста шудани маҷрои дарёи Вахш муайян карда мешавад», - изҳор дошт вазир.
Ба таъкиди вазир нахустин агрегати НБО Роғун пас аз 2,5 сол ба истифода дода мешавад, «новобаста аз он, ки баъзе давлатҳои ҳамсоя дар сохтмони он монеа эҷод мекунанд».
«Агар мо ба тамоми иддаои ҳамсояҳо гӯш дода сохтмони Роғунро ба анҷом нарасонем дар оянда вазъи таъмини барқ дар кишварамон дучанд вазнин мегардад, -андеша дорад ӯ. – Таъмини мӯътадили ҷумҳурӣ бо барқ танҳо пас аз мавриди истифодабарӣ қарор додани НБО Сангтӯда 2 ва марҳилаи аввали НБО Роғун муяссар мегардад. То ин замон мо аз бӯҳрони энергетикӣ баромада наметавонем».
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Дӯстӣ дӯстиву тиҷорат дар ҷойи худаш. Ӯзбекистон расмиёти гумрукиро барои Тоҷикистон қимат кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 декабри соли 2024
Аз 4 гумонзад 3 нафар маҳбуси собиқанд. Сӯҳбат бо наздикони гумонбарони кушторҳои пайиҳам дар Конибодом
Дар Тоҷикистон сатҳи рекордии пасти таваррум дар тамоми солҳои истиқлолият сабт шуд
Кадом китобҳо дар соли 2024 беҳтарин дониста шуданд?
“10 соат мегӯянду 5 соат барқ медиҳанд!” Шикояти сокинон аз риоя нашудани реҷаи интиқоли барқ дар манотиқи кишвар
Ҳизби аграрии Тоҷикистон 13 номзади худро ба интихоботи парлумонӣ пешбарӣ кард
Сирки давлатӣ дар Соли нав барои кӯдакон чӣ барномаҳо пешниҳод мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста