Душанбе. 12 апрел. «Азия-Плюс» - | Дар Тоҷикистон афзоиши нархи сӯзишворӣ ба қайд гирифта шуд. Дар нуқтаҳои фурӯши бензини пойтахт арзиши он ба 5 сомонӣ барои як литр расидааст, дар ҳоле,ки дар авохири ҳафтаи сипаригашта нархи он на беш аз 4 сомону 70 дирамро ташкил медод.
Тавре ба «АП» аз хадамоти зиддимонополии кишвар хабар доданд, ширкатҳое, ки дар бозори маводи сӯзишвории Тоҷикистон бартарӣ доранд, ҳанӯз ҳафтаи пеш нархгузориҳояшонро бо хадамот мувофиқа карданд.
«Сабаби афзоиши нарх оддӣ ва ба ҳама маълум аст-ин дар мадди аввал гароншавии арзиши нафт дар бозори ҷаҳонӣ, баланд бардоштани андози гумрукӣ ба маводи сӯхт аз ҷониби Русия ва афзоиши нархнома барои интиқоли транзитии мавод тавассути роҳи оҳан аз ҷониби Узбекистон мебошад», - хабар дод манбаъ.
Ба иттилои манбаъ дар бозори маводи сӯхти Тоҷикистон се ширкат бартарӣ доранд: «Газпромнефт- Тоҷикистон», «Анаҳита» ва «Нури Дилшод» мебошанд, ки маҳсулотро асосан аз Русия ворид мекунанд.
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Дӯстӣ дӯстиву тиҷорат дар ҷойи худаш. Ӯзбекистон расмиёти гумрукиро барои Тоҷикистон қимат кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 декабри соли 2024
Аз 4 гумонзад 3 нафар маҳбуси собиқанд. Сӯҳбат бо наздикони гумонбарони кушторҳои пайиҳам дар Конибодом
Дар Тоҷикистон сатҳи рекордии пасти таваррум дар тамоми солҳои истиқлолият сабт шуд
Кадом китобҳо дар соли 2024 беҳтарин дониста шуданд?
“10 соат мегӯянду 5 соат барқ медиҳанд!” Шикояти сокинон аз риоя нашудани реҷаи интиқоли барқ дар манотиқи кишвар
Ҳизби аграрии Тоҷикистон 13 номзади худро ба интихоботи парлумонӣ пешбарӣ кард
Сирки давлатӣ дар Соли нав барои кӯдакон чӣ барномаҳо пешниҳод мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста