Душанбе. 22 апрел. «Азия-Плюс» - | Ширкатҳои сохтмонии «Alpha airport» ва «SOFEMA Group» и Фаронса ва ҶСШК «Фурӯдгоҳи байналхалқии Душанбе» ҳанӯз дар хусуси маблағгузории изофӣ, ба миқдори 9,5 млн. Евро, барои сохтмони терминали нави фурӯдгоҳи пойтахт созиш накардаанд.
Тавре директори генералии фурӯдгоҳ Рустам Халиқов зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, маҳз бо ҳамин далел сохтмони терминали нав ба таъхир гузошта шудааст. Қаблан раҳбарияти фурӯдгоҳ гуфта буд, ки терминали нав моҳи сентябри соли равон ба истифода дода хоҳад шуд.
Бар тибқи маълумоти Халиқов , авохири моҳи ҷорӣ вазири молияи Фаронса ба Тоҷикистон ташриф намуда бо раҳбарияти вазорати молияи кишвар атрофи масъалаи мазкур мулоқот мекунанд.
Маблағи умумии лоиҳаи сохтмони терминали нав, мувофиқи ҳуҷҷати қаблан ба тасвиб расида, 27 млн. евроро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 20 млн маблағи қарзӣ буда 7 млн. еврои боқимонда аз ҷониби ҶСШК «Фурӯдгоҳи байналхалқии Душанбе» маблағгузорӣ мешавад.
«Имрӯз чониби Фаронса, бо назардошти гароншавии арзиши маҳсулот барои терминал,аз Тоҷикистон талаб дорад то 9,5 млн.евро изофӣ чудо кунад. Дар қарордод дар мавриди ин масъала чизе гуфта нашудааст. Мувофиқ и қарордод маблағгузории изофиро ҷониби Фаронса бояд бар дӯши худ бигирид. Тоҷикистон тамоми вазифаи худро иҷро кардааст»,- гуфт Рустам Халиқов.




Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 декабри соли 2025
Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста