Душанбе. 12-уми август. «Азия-Плюс» — | Ҳаракати нақлиёт тавассути нақби «Истиқлол» дар ағбаи Анзоб, ки минтақаи ҷанубу шимоли кишварро ба ҳам мепайвандад, алҳол манъ карда намешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ба гуфтаи муовини сардори Сарраёсати сохтмон ва хоҷагии роҳи вазорати мазкур Абдулмаҷид Шарипов, корҳо дар нақб ба таври мукаррарӣ идома дошта, нақб алҳол баста намешавад.
«Дар бораи санаи мушаххаси манъи ҳаракати нақлиёт тавассути нақб Вазорати нақлиёт тариқи васоити ахбои умум аҳолиро огоҳ хоҳад сохт», - гуфт ӯ.
Қаблан Вазорати нақлиёт хабар дода буд, ки бинобар баргузории корҳои иловагӣ дар нақби «Истиқлол» аввалҳои моҳи август манъи ҳаракати нақлиёт тавассути он пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла зикр гардид буд, ки ширкати эронии «Sangob», ки сохтмони нақбро идома медиҳад, ба корҳои муҷаҳҳаз сохтани нақб бо дастгоҳҳои равшанидиҳанда ва ҳавософкун машғул хоҳад шуд.
Бино ба иттилои манбаъ, масъалаи сармоягузорӣ ба идомаи сохтмони нақб ҳаллу фасл гардида, Тоҷикистону Эрон барои ҷудо кардани 3 млн. доллари ИМА аз ҳар ду ҷониб ба мувофиқа расидаанд. То ахири соли равон пурра ба итмом расидани корҳои сохтмонӣ дар нақби «Истиқлол» ба нақша гирифта шудааст.
Ёдрас мекунем, ки нақби «Истиқлол» на танҳо муддати тамоми сол робита бо минтақаи шимоли ҷумҳуриро таъмин мекунад, балки минбаъд барои даст ёфтан ба кишварҳои хориҷи дуру наздик низ шароит фароҳам хоҳад сохт.
Сохтмони нақб соли 2003 аз ҷониби ширкати эронии «Sobir International» оғоз гардида буд. Баҳри амалисозии лоиҳаи мазкур Эрон беш аз 31 млн. доллари ИМА ҷудо кард, ки 10 млн. $-и он бурс ва 21, 2 млн. доллари ИМА қарз буд. Аз замони оғози амалисозии лоиҳа ҳиссаи Тоҷикистон дар он 7,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.




“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 декабри соли 2025
Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста