Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, намояндаи мардумӣ дар палатаи поёнии парлумони кишвар Шодӣ Шабдолов дар робита ба тавсияҳои коршиносони Бонки ҷаҳонӣ перомуни худдорӣ варзидан аз оғози сохтмони навбати аввали нерӯгоҳи «Роғун» мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон набояд оғози сохтмони ин иншооти муҳимро мавқуф гузорад.
Зимни шарҳи мазмуни варақаи иттилоотии чанде қабл интишоршудаи Бонки ҷаҳонӣ роҷеъ ба тавсияҳои коршиносони ин бонк ба ҳукумати Тоҷикистон, Шодӣ Шабдолов дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки ҳар як рӯзи интизорӣ метавонад ба вазъи нерӯгоҳҳои обӣ-барқии амалкунандаи силсиланерӯгоҳҳо дар рӯдхонаи Вахш таъсири манфӣ расонад.
«Феълан мизони таҳшини лойқаи нерӯгоҳи «Норак» қариб то нуқтаи ниҳоӣ расидааст ва таъхири ин кор вазъи натанҳо нерӯгоҳи «Норак», балки нерӯгоҳҳои «Бойғозӣ», «Сангтӯда-2» ва «Сангтӯда-2»-ро низ метавонад ногувор созад», - иброз дошт вай.
Дар ҳамин ҳол, пешвои коммунистон далелҳои коршиносони Бонки ҷаҳониро бобати он, ки бинобар мавҷудияти ҳаҷми зиёди маводи таҳшинии ҷараёни оби рӯдхонаи Вахш, ба оғози сохтмони навбати аввали нерӯгоҳи «Роғун» бо сарбанди фосилавии баландиаш 120 метр тавсия дода намешавад, ба кадри кофӣ асоснок намешуморад.
«Тамоми иншооте, ки дар ҷаҳон бунёд мегарданд, хоҳ нохоҳ як хатари ночизе доранд. Ҳаҷми маводи таҳшинии ҷараёни оби рӯдхонаи Вахш бошад, барои обанбори бузурге чун обанбори нерӯгоҳи «Роғун» ҳеҷ хатари ҷиддие надорад», - афзуд Ш. Шабдолов.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл гурӯҳи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ бо мақсади баррасии ҷараёни иҷрои таҳқиқоти бозрасӣ тибқи лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» сафари даҳрӯзаи худро ба Тоҷикистон анҷом дода, тибқи хулосаҳои худ, ба Тоҷикистон дарҳол оғоз намудани сохтмони навбати аввали нерӯгоҳи обӣ-барқии «Роғун»-ро тавсия надоданд.
Мушовирони байнулмилалӣ, ки корҳои бозрасии техникиву иқтисодии лоиҳаро доир сохтанд, хулосаи худро бо он шарҳ доданд, ки бинобар ҳаҷми зиёди маводи таҳшинии ҷараёни оби рӯдхонаи Вахш, айни замон ба дарҳол оғоз намудани сохтмони марҳилаи аввали нерӯгоҳ бо сарбанди фосилавии баландиаш 120 метр (дар нуқтаи 1110 метр аз сатҳи баҳр) тавсия дода намешавад.
Таҳдиди муҷозот барои барои андозбандии беасос. Кумитаи андоз ба шикояти кишоварзон расидагӣ кард.
Сокини Конибодом ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Украина гумонбар мешавад
Далер Назаров: “Агар шеър менавиштам, мехостам чун Лоиқ нависам...”
Ҷонибек Ҳикмат президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ интихоб шуд. Ӯ кист?
Ато Мирхоҷа: “Адибони тунуквиҷдон сабаби пайдоиши “шоирону нависандагон”-и қаллоб шуданд”
Кор дар Қатар. Вазорати меҳнат бори дигар рӯйхати касбу ихтисосҳои зарурро нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста