Миёни Тоҷикистону Афғонистон оид ба масъалаи афзудани ҳаҷми интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон гуфтушунид идома дорад, - иброз дошт сухангӯйи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ.

Ба гуфтаи вай, айни замон дар хусуси афзоиши ҳаҷми интиқоли барқ ба Афғонистон ҳарф задан ҳанӯз барвақт аст, зеро вазифаи авалиндараҷаи ширкат таъмини истеъмолгарони дохили ҷумҳурӣ бо барқ аст.

Ғайр аз ин, ба қавли ӯ, айни замон обанбори нерӯгоҳи бузургтарини Тоҷикистон – «Норак», ки 70%-и истеҳсоли барқи кишвар ба он рост меояд, бо об пур карда мешавад.

«Барои таъмини пурраи истеъмолгарони дохили ҷумҳурӣ бо барқ ва афзоиши ҳаҷми интиқоли он ба Афғонистон, моро зарур аст, ки обанбораи Норакро бо об пур намоем ва феълан боз пур кардани 53 метр об (фарқ миёни сатҳи мӯътадили фишорӣ (910 метр) ва сатҳи ҳадди ақалл (857 метр) дар обанбор боқӣ мондааст», - гуфт сухангӯйи ширкат.

Бино ба маълумоти ширкати энергохолдингӣ, айни замон маҷрои резиши оби рӯдхонаи Вахш ба обанбор зиёда аз 700 метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад.

Дар робита ба масъалаи, интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон Н.Ёдгорӣ изҳор кард, ки айни замон ҳаҷми он ба 20 МВт баробар аст. Ба қавли ӯ, ин ҳаҷм барои хизматгузории хатти интиқоли барқ ва эмин нигоҳ доштани он аз харобкориву дуздӣ пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки хатти интиқоли барқи 220 Кв Сангтӯда-Пули Хумрӣ моҳи октябри соли 2011 мавриди истифода қарор гирифта, он имкон медиҳад, ки нерӯи барқи Тоҷикистон ба музофоти шимолии Афғонистон интиқол дода шавад.

Арзиши 1 Квт/соат нерӯи барқи Тоҷикистон барои истеъмолгарони афғон 3,57 сентро ташкил хоҳад дод. Маврид ба ёдоварист, ки арзиши 1 Квт/соат нерӯи барқ барои аҳолии Тоҷикистон аз 1-уми апрели соли ҷорӣ то ба 11 дирам (2,3 сент) расонида шуд.