Намояндагони ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар робита ба масъалаи ба муддати якчанд соат ба таъхир афтодани парвози ҳавопаймои ширкат бо хатсайри Хуҷанд-Душанбе изҳор карданд, ки барои ҳолатҳои ғайриинтизор ширкат масъул нест.

«Хадамоти фурудгоҳ ва намояндагони ширкат ҳар як соат дар бораи ба иллати номусоидии обуҳаво мавқуф гузоштани парвози ҳавопаймо маълумот мегирифтанд. Мусофирон бо оби нӯшокӣ таъмин карда шуданд. Хӯроки гарм танҳо барои он пешниҳод нашуд, ки парвози ҳавопаймо бо гузашти ҳар соате ба таъхир гузошта мешуд ва дар ҳама гуна вақт эҳтимоли парвози он вуҷуд дошт. Ин ҳолатҳои ғайримунтазираанд, ки барои он ширкати ҳавоопаймоӣ масъул нест», - гуфтанд намояндагони хадамоти матбуот бо такя ба суханони намояндаи ширкат дар Хуҷанд.