Чанде қабл дар Вазорати молияи Тоҷикистон вохӯрии муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо гурӯҳи намояндагони Хазинаи байнулмилалии асъор таҳти сарварии сариқтисодчии Раёсати маъмурии даромадҳои департаменти масоили фискалии БА Эндрю Мастерс доир гардид.

Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, дар мулоқот оид ба масоили муҳим дар бахши роҳандозии сиёсати андоз табодули афкор сурат гирифт. Ҷонибҳо ҳамчунин ба масоили такмили сиёсати маъмурии андозбандӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ҳамчунин чораҳои андешида оид ба бозбинии лоиҳаи Кодекси нави андози Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Ҷамолиддин Нуралиев аҳаммияти такмили сиёстаи андозбандии маъмуриро таъкид сохта, изҳор кард, ки Тоҷикистон минбаъд низ дар ин самт аз таҷрибаи пешқадам ва мусбати кишварҳои дигар истифода хоҳад кард.