Пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки осиёгии рушд Шиаою Жао изҳор кард, ки бонк ба ҳамкории густардатар бо Тоҷикистон дар амалисозии лоиҳаҳои барои кишвар афзалиятнок омода аст.

Ӯ зикр кард, ки мутобиқи барномаи шарикии БОР ва Тоҷикистон барои солҳои 2012-2014, Бонк барои беҳбуди зербинои роҳҳо, таъмини амнияти энергетикӣ ва рушди бахши хусусӣ ба Тоҷикистон ба сифати кӯмаки бебозгашт 200 млн. $ маблағ ҷудо мекунад.

Ба гуфтаи вай, шурӯъ аз замони узвияти Тоҷикистон ба БОР дар соли 1998 аз ҷониби бонк ба Тоҷикистон дар ҳаҷми ҳудуди 1 млрд. $ кӯмак расонида шудааст. «Айни замон ба маблағи 530 ҳазор $ як қатор лоиҳаҳои муҳим барои кишвар мавриди татбиқ қарор доранд», - гуфт ӯ.

Ноиби президенти БОР таъкид намуд, ки феълан кӯшишҳои муштараки бонк ва ҳукумати Тоҷикистон баҳри амалисозии лоиҳаҳои таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистон ва Айнӣ-Панҷакент-марзи Ӯзбекистон равона шудаанд. «Татбиқи ин лоиҳаҳо аз ҳисоби маблағгузории бурсии бонк амалӣ мегарданд», - афзуд номбурда.