Тақдири бузургтарин кони нуқраи Тоҷикистон Конимансури Калон бояд соли равон ҳал гардад.

Тавре дар нишасти хабарӣ раҳбари Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ  Давлаталӣ Саидов гуфт, лоиҳаи коркарди «Конимансури Калон» барои Тоҷикистон аз ҷиҳати стратегӣ муҳим буда, аз ин рӯ, муҳлат ва интихоби сармоягузор барои азхудкунии кон тӯл кашид.

«Бо татбиқи ин лоиҳа иқтисоди Тоҷикистон рушд ёфта, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ метавонад якчанд маротиба афзояд. «Лоиҳа хеле мушкил буда, барои амалисозии он аз 3,5 то 4 млрд доллари ИМА маблағ зарур аст», - гуфт вай.

Довталаби коркарди кон консорсиуми иборат аз чор ширкат – «Казцинк»-и Қазоқистон, Glencore International (Швейтсария), «Конимансур» (Қазоқистон) ва ҶСК «Адрасмон» (Тоҷикистон) мебошад.

Қаблан ба ин рӯйхат ширкати голландӣ ва ду ширкати чинӣ,  ки дар ҷахон аз рӯи истихроҷи маъдан, тило ва никел бузургтарин ба ҳисоб мераванд, шомил буданд. Аммо ин ширкатҳо бо сабабҳои мухталиф аз иштирок дар тендер даст кашиданд. Яке аз сабабҳо – маблағгузории лоиҳа буда, барои азхудкунии кон тахминан 30-40 сол лозим аст.

«Конимансури Калон» - кон воқеъ дар шимоли Тоҷикистон, дар вилояти Суғд, яке аз калонтарин конҳои нуқра дар дунё ба ҳисоб меравад. Кони мазкур дар солҳои 70-80-уми асри XX тадқиқ карда шудааст. Захираҳои кон тақрибан 1 млрд. тонн маъданро бо таркиби нуқра 49 г дар 1 тонна, сурб - 0,49 % дар 1 тонна ва руҳ – 0,38% дар 1 тоннаро ташкил медиҳад. Захираҳои умумии нуқраи Конимансури Калон зиёда аз 50000 тонна мебошад.

Корпоратсияи байнулмилалии молимявӣ (IFC), узви гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ба сифати мушовирон дар ин лоиҳа ҳузур дошта, ташхиси техникӣ аз ҷониби ширкати байнулмилалии Micon Int гузаронида шудааст.