Намояндагони Филиали ШС «Инновейтив Роуд Солюшнз Лтд» (IRS) вохӯриҳои кории худро дар доираи сафар ба Ҷумҳурии Туркия оғоз бахшиданд.

Бино ба иттили сомонаи расмии ширкат, ҳайати корӣ аз ширкати пешбари истеҳсолкунандаи таҷҳизоти вазнченкунӣ дар Туркия – Тунайлар боздид ба амал овард. Зимни боздид бо аъзои Шӯрои Директорони ширкати Тунайлар ва мутахассисони пешбари он як қатор вохӯриҳо гузаронда шуданд. Дар ҷараёни мулоқот дурнамои ҳамкориҳо муҳокима ва масъалаҳои беҳтарсозии истгоҳҳои вазнченкунӣ бо дарназардошти талаботи муосир баррасӣ гардиданд.

Узви Шӯрои Директорони ширкати Тунайлар ба ҳайати намояндагон оиди гирифтани тендери нав барои татбиқи беш аз 39 адад таҷҳизоти вазнченкунӣ аз Иттиҳоди Аврупо иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи аслии операторони зербиноии роҳҳои автомобилгард аз ҷорӣ намудани механизми вазнченкунӣ – афзоиши муҳлати коршоямии роҳҳо мебошад. Дар мисоли Ҷумҳурии Туркия, пас аз оғози марҳилаи татбиқи фаъоли истгоҳҳои вазнченкунӣ, муҳлати хизматрасонии роҳҳо, дар муқоиса бо давраҳои пешин, 3-4 маротиба афзоиш ёфтааст, ва ҳамин тариқ, барои рушди минбаъдаи иқтисоди кишвар такони ҷиддӣ бахшида шуд.

Намояндагони Филиал бо раванди истеҳсоли маҳсулоти ширкати Тунайлар шиносоӣ пайдо карданд. Ҳамчунин аз истгоҳи вазнченкунӣ, воқеъ дар наздикии плазаи толлингии Махмутбей дидан карда, дар амал ҷараёни назорати сарбории вазни умумӣ ва сарбории тири меҳвари нақлиёти боркаш дар Истамбулро мавриди омӯзиш қарор доданд.