Охири ҳамин сол дар минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и «Данғара» сохтмони корхонаи коркарди нафт бо иқтидори истеҳсолии 1,2 млн. тонна дар як сол оғоз мегардад, ки пас аз ду соли оғози сохтмон мавриди истифода қарор мегирад. Муассисони корхонаи мазкур корхонаи муштараки «ТК-oil»-и Тоҷикистону Чин, таъсисёфта аз ҷониби ширкати тоҷикистонии ҶСП «Ҳасан ва Ко» ва ширкати Dong Ying heli Investment and Development Co. Ltd.-и Чин мебошанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати «Ҳасан ва Ко» хабар доданд, дар марҳилаи аввал корхона – 300 ҳазор , марҳилаи дуюм – 800 ҳазор ва марҳилаи сеюм – 1,2 млн. тонна нафти хомро коркард намуда, айни замон сармоягузорон ба оғози сохтмон омодагӣ мегиранд.
«Барои корхона дар МОИ «Данғара» қитъаи замин ҷудо гардид. Таҷҳизоти корхона истеҳсоли Чин ва ашёи хом воридотӣ ва маҳаллӣ хоҳад буд. Ҳиссаи ҷонибҳо ба таври зайл тақсим шудааст: 10% ба ҷониби Тоҷикистон ва 90%-и боқимонда ба ҷониби Чин тааллуқ дорад», - гуфтанд дар ширкат.
Айни замон ширкати «Ҳасан ва Ко» дар ноҳияи Балҷувон машғули кор буда, аз соли 1995 дар кони «Бештентоқ» нафт коркард мекунад. Ин ягона корхонаи коркарди нафт дар ҷануби ҷумҳурӣ буда, иқтидори солонааш ба коркарди 12 ҳазор тонна нафт баробар аст.
Қобили зикр аст, ки сол то сол талаботи Тоҷикистон ба маҳсулоти нафтӣ меафзояд. Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисоди кишвар, имрӯз талаботи Тоҷикистон ба ин маҳсулот 1,5 млн. тонна дар як солро ташкил медиҳад. Айни замон Тоҷикистон комилан ба воридоти сӯзишворӣ аз хориҷи кишвар вобаста аст. Сӯзишворие, ки дар дохили кишвар истеҳсол мешавад, ҳамагӣ 2% аз ҳаҷми талаботи умумиро ташкил медиҳад.
Дар Осиёи Марказӣ нисбат ба соли гузашта захираи об бештар шудааст
Размикори 5-уми тоҷик дар UFC: ӯ кист ва кай қарордод ба имзо мерасонад?
Шикояти 1200 муҳоҷири тоҷик оид ба нақзи ҳуқуқашон дар Русия ба сафорати Тоҷикистон
Дар баъзе кишварҳо дар робита ба ҳалокати президенти Эрон мотам эълон шуд
Чаро дар Тоҷикистон гӯшт ҳамеша қимат аст?
Аз “Лоиқхонӣ” то “Рӯзи шеъри тоҷик”. Дар Душанбе аз Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ ёд карданд
Тоҷикистону Қирғизистон амният дар марзро баррасӣ карданд
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳур ва вазири умури хориҷаи Эрон муайян шуд
Русия дар Тоҷикистон истеҳсоли дорувориро ба роҳ монданист
Арзиши эстакада дар Душанбе қариб ба 28,5 млн евро баробар аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста