Чанде қабл нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз иншооти Gazprom International – чоҳи нафту гази «Шаҳринав-п», воқеъ дар 36 километрии шаҳри Душанбе боздид намуд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Gazprom International, нахуствазири ҷумҳуриро дар ин боздид ҳамчунин муовини нахуствазир Азим Иброҳим ва раиси ноҳияи Шаҳринав Исматулло Зайдов ҳамроҳӣ доштанд.

Директори намояндагии Gazprom International дар Тоҷикистон Игор Шаталов ба меҳмонон роҷеъ ба вазъи кунунии корҳо дар чоҳ ва дурнамои фаъолияти минбаъдаи ширкат дар қаламрави Тоҷикистон маълумот дод.

Директори ширкат изҳор доштааст, ки дар марҳилаи кунунӣ аз 8 иншооти ошкоршуда дар яктоаш озмоишҳои геологӣ ба итмом расида, корҳои таҳқиқи иншооти дуюм шурӯъ шудаанд. «Иншоотҳои № 4,6 ва 7-ро ояндадор арзёбӣ мекунем ва анҷоми тамоми корҳои озмоиширо тобистони соли оянда дар нақша дорем», - иброз доштааст ӯ.

Қоҳир Расулзода аз ҷараёни корҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, бахусус ба таъминоти иншоот бо таҷҳизоти фаннӣ баҳои баланд дод.

Дар ҷараёни боздиди нахуствазир аз иншоот ҳамчунин масоили марбут ба оғози корҳо боз дар як майдони нафтугаздори Gazprom International – «Шоҳамбарии Ғарбӣ» дар ноҳияи Ҳисор низ баррасӣ шуданд. Дар ин маврид Шаталов зикр кард, ки айни замон дар ин минтақа корҳои тадорукотӣ ҷараён дошта, корҳои асосӣ дар ин минтақаро ширкат дар семоҳаи дуюми соли оянда оғоз карданист.

Қаблан аз намояндагии ширкати Gazprom International дар Тоҷикистон иттилоъ дода буданд, ки озмоишҳои геологӣ дар чуқурии чоҳи «Шаҳринав-1п» воқеъ дар минтақаи ҷанубу ғарби Тоҷикистон тобистони соли 2014 ба итмом мерасанд.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи июни соли равон ширкати Gazprom International корҳои пармакунӣ дар чоҳи «Шаҳринав-1п»-ро, ки дар майдони нафтугаздори Сариқамиш дар Тоҷикистон воқеъ аст, ба нуқтаи ниҳоӣ – 6450 метр ба итмом расонид.

Ин рекорди нави мутлақи пармакунии чуқурӣ ба ин ҳадд дар таърихи пармакунии чоҳҳои нафту газ дар Осиёи Марказӣ мебошад. То имрӯз чоҳи нафти пастхамии Фарғона дар шимоли Ӯзбекистон (6112 метр) чуқуртарин чоҳ дар минтақа маҳсуб меёфт. Чоҳи чуқуртарини нафту газ дар Тоҷикистон «Каратау-1» (6101 метр) дар ҷануби ҷумҳурӣ мебошад, ки соли 1991 парма шудааст.

Ширкати «Газпром» барои баргузор намудани таҳқиқоти захираҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон ду иҷозатнома (майдонҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбӣ) дорад.

Захираҳои пешакии газ дар минтақаи нафтугаздори Сариқамиш 18 млрд. метри мукааб, захираҳои нафт – 17 млн. тонна ва гази омехта дар нафт – 2 млрд. метри мукааб арзёбӣ мешаванд. Ҳаҷми сармоягузориҳо ба корҳои иктишофу ҷустуҷӯи геологӣ дар минтақаи «Сариқамиш» беш аз 1,5 млрд. рубли русиро ташкил медиҳанд.

Ҳамкории ҶСК «Газпром» ва ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2008 мутобиқи Созишнома дар бораи усулҳои умумии баргузории омӯзиши геологии захираҳо дар майдонҳои нафтугаздори Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Қобили зикр аст, ки талаботи Тоҷикистон ба гази табиӣ ҳудуди 1,2 млрд. метри мукааб дар як солро ташкил медиҳад. Аз рӯи натиҷаҳо соли 2012 дар Тоҷикистон 1,8 млн. метри мукааб газ истихроҷ шудааст.