Дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ аз тарафи корхонаҳои соҳаи ангишт ба миқдори ҳудуди 490 ҳазор тонна ангишт истихроҷ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 90 ҳазор тонна ё худ 20% зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, давоми моҳҳои январ-ноябри соли гузашта ҳамагӣ 400 ҳазор тонна ангишт истихроҷ гардида буд. Моҳи ноябри соли равон бошад, ҳаҷми истихроҷи ангишт  каме бештар аз 55 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи пешин 23 ҳазор тонна камтар мебошад.

Дар вазорат зикр карданд, ки соли равон аксари корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ ба ивази газу нерӯи барқ ба истифодаи ангишт ба сифати сӯзишваорӣ гузаштанд ва ин ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли он боис гардид.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, айни замон 162 корхона дар ҷумҳурӣ ба истихроҷи ангишт машғуланд. Феълан ҳаҷми умумии захираҳои ангишт дар конҳои ангишти Тоҷикистон тақрибан 4 млрд. 500 млн. тонна арзёбӣ мешаванд.

Аҳолии кишвар низ яке аз истеъмолгарони бузурги ангишт мебошад. Бар асари камбуди барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон сокинони деҳот барои гарм нигоҳ доштани манзил ва тайёр кардани ғизо бештар аз ангишт истифода мекунанд.