Зимни суханронӣ дар маҷлиси навбатии ҳукумати Тоҷикистон президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки касри буҷети соли оянда аз ҳисоби ҷалби маблағҳои қарзии имтиёзнок ва даромад аз ҳисоби хусусигардонии амволи давлатӣ пурра карда мешавад.

Ӯ қайд кард, ки касри буҷет дар соли оянда ба 0,5 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар гардида, ҳаҷми он 264,1 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 22 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Сарвари давлат таъкид дошт, ки ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ дар соли 2015 ба маблағи 15 миллиарду 278 миллион сомонӣ (тақрибан 3 млрд. $) муайян карда шуда, афзоиши он нисбат ба соли ҷорӣ 1 миллиарду 377 миллион сомонӣ ё 10 фоизро бояд ташкил намояд.

«Хароҷоти буҷети давлатӣ аз рӯи ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ бо афзоиши 1 миллиарду 400 миллион сомонӣ ё 10 фоиз зиёд пешбинӣ мегардад», - қайд кард ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки бо дарназардошти вазъи мураккаби имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва эҳтимолияти таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти кишвар зарурати идоракунии самараноки захираҳои молиявии давлатӣ ва мутобиқгардонии хароҷот ба миён меояд.

«Бинобар ин, ҳамаи вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳо, сарфи назар аз шакли фаъолияташон, вазифадоранд, ки рушди бемайлони соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, ҷалби сармоягузории мустақими дохилӣ ва хориҷиро суръат бахшида, доир ба истифодаи ҳарчи бештари иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои нав бо технологияҳои муосир, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ ва дар ин асос зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, инчунин иҷрои уҳдадориҳо дар назди буҷети давлатӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд», - таъкид дошт президент.

Ёдрас мекунем, ки андозаи ҳадди ниҳоии касри Буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли 2014 ба 0,5 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ҳаҷми 242,1 млн. сомонӣ тасдиқ шуда буд.