Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон оид ба фурӯши бастаи саҳмияҳои ҶСП «Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ» тендери кушоди байнулмилалии сармоягузорӣ эълон кард.
Истироҳатгоҳи «Шоҳамбарӣ», воқеъ дар 25 километрии шимолу ғарбии шаҳри Душанбе дар ноҳияи Ҳисор, яке аз осоишгоҳҳои бузурги Тоҷикистон шуморида мешавад, ки майдони умумии он 17 гектарро ташкил дода, дар баландии 1 ҳазору 500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст.
Аз Кумитаи мазкур ба «Азия-Плюс» дар и робита иттилоъ доданд, ки нархи осоишгоҳ 3,1 млн. сомонӣ (ҳудуди 395 ҳазор $ бо қурби расмии имрӯза)-ро ташкил медиҳад.
Тендери фурӯши иншооти мазкур дар ду марҳила гузаронида мешавад. Хоҳишмандони иштирок дар тендер то 21 апрели соли ҷорӣ ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод карда метавонанд. Рӯзи дигар дар бинои Кумита ғолиби тендер эълон карда мешавад.
Барои иштирок дар тендер дар ҳаҷми 200 ҳазор сомонӣ маблағи кафолатнок пардохт кардан зарур аст. Дар шартҳои тендер гуфта мешавад, шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки маблағи умумии пешниҳоди молиявӣ ва техникиаш аз ҳама бештар мешавад, ғолиби тендер эътироф хоҳад шуд.
Қобили зикр аст, ки моҳи ноябри соли гузашта оид ба фурӯши пойгоҳи лижаронӣ ва маҷмааи фароғатии «Сафедорак» тендери кушод эълон шуда буд. Ҳарчанд Кумитаи давлатии сармоягузорӣ иттилоъ дода буд, ки натиҷаҳои он 14 декабри соли гузашта эълон мешаванд, вале ин кор сурат нагирифт.
Аввали моҳи январи соли равон маълум шуд , ки маҷмааи фароғатии «Сафеддара» аз ҷониби намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Шамсулло Соҳибов, домоди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавриди таъмиру азнавсозӣ қарор гирифтааст.
Додгоҳи олии Тоҷикистон бори аввал ва расман бархе ҷузъиёти “парвандаи табаддулот”-ро шарҳ дод
Ба 10 солу 4 моҳи зиндон маҳкум шуд. Раиси Додгоҳи олӣ ҳукми Аҳмади Иброҳимро шарҳ дод
Аз Додгоҳи олӣ шарҳ доданд, ки чаро иҷрои ҳукми Рухшона Ҳакимова мавқуф гузошта нашуд
Аз ошӯби зиндони Ваҳдат то қонуни авф. Дар нишасти матбуотии Вазорати адлия кадом масоил баррасӣ шуданд?
Майдон барои “утилизатсия”-и нақлиёт то ҳол нест, вале аз ин ҳисоб 1,7 млрд сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шудааст
Ҳушёр бошед! Қаллобон аз номи “Азия-Плюс” маълумоти бардурӯғ паҳн мекунанд
Рамазон Раҳимзода тасдиқ кард, ки “Боим” боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст
Рӯйхати беҳтаринҳо. Размикорони тоҷик дар радабандии UFC дар кадом мавқеъҳо қарор доранд?
Додгоҳи олӣ ҳувияти ҳамлагарон ба муфтии Тоҷикистонро ошкор кард
Вазири корҳои дохила гуфт, дар пайванд ба ҳодисаҳои Конибодом “чанд нафари дигар дар кофтукованд”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста