Ҳукумат пешниҳодҳо нисбати тақдири минбаъдаи фаъолияти ду бонки дучори мушкилоти кишвар - «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» дар мавриди ҷорӣ кардани идоракунии берунӣ ва навсозии сохтори ин бонкҳоро баррасӣ дорад.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки дар назди Вазорати молия гурӯҳи кории махсус таъсис ёфта, ояндаи наздик ҷаласаи ин комиссяи доир мегардад, ки дар он пешниҳодҳои мушаххаси тақдири ояндаи ин бонкҳо баррасӣ ва таҳлил мешаванд.

Ӯ хотиррасон намуд, ки соли гузашта ҳукумат ба ин бонкҳо дар ҳаҷми беш аз 3 млрд. сомонӣ кумак карда, шарташ ин буд, ки давоми сол бонкҳо сармоягузорӣ ҷалб кунанд, аммо соли 2017 бонкҳо ба ҷалби сармоягузориҳо муваффақ нашуданд.

Ба гуфтаи Нурмаҳмадзода, айни замон «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» ба амонатгузорон дар маҷмӯъ тақрибан 1,5 млрд. сомонӣ қарздоранд ва аз ҳисоби фурӯши амволи худ метавонанд ин маблағҳоро баргардонанд.

«Агар бонкҳо амволи худро бо нархи ҳозира, на бо арзиши се сол пеш пешниҳод кунанд, он ба фурӯш меравад. Мо ҳамарӯза бо ин бонкҳо кор мекунем, ситоди махсус амал мекунад. Мувофиқи имкон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба пешрафти кори онҳо мусоидат мекунем. Натиҷаҳои мушаххас ҳастанд», - афзуд Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.