Аз моҳи апрели соли равон аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон беш аз 4,5 млн. метри мукааб гази табиӣ интиқол дода шуд, хабар дод муовини аввали роҳбари «Тоҷиктрансгаз» Шавкат Шоимзода рӯзи 16 июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе.
Ӯ қайд кард, ки ҳаҷми интиқоли газ аз кишвари ҳамсоя ҳар моҳ бо назардошти сатҳи омодагии истеъмолгарон дар Тоҷикистон зиёд шуда истодааст.
«Дар ин самт мо ҳамарӯза кор мекунем. Агар давоми се моҳ (апрел-июн) каме бештар аз 3 млн. метри мукааб газ ворид шуда бошад, пас тайи 15 рӯзи ҳамин моҳ ин нишондиҳанда беш аз 1 млн. метри мукаабро ташкил дод», - иброз дошт Шоимзода.
Ба гуфтаи ӯ, истеъмолгари асосии гази Ӯзбекистон айни замон Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) мебошад, ки 80% (3,5 млн. метри мукааб) аз ҳаҷми умумӣ ба он рост меояд.
«Ҳаҷми боқимондаро 11 корхонаи начандон бузурги ҷумҳурӣ, аз қабили ҶС «Азиз», «Гази Регар», корхонаҳои хиштбарорӣ ва дигар корхонаҳо гирифтанд. Бо назардошти сатҳи омодагӣ ба қабули газ, он ба дигар корхонаҳои хоҳишманд низ интиқол дода мешавад», - гуфт Шоимзода.
Аз ҷумла, қайд кард Шоимзода, дар ҳамдастӣ бо ширкати «Барқи тоҷик» масъалаи бо гази Ӯзбекистон таъмин намудани марказҳои барқу гармидиҳии пойтахт дар оғози мавсими гармидиҳӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.
Дар робита ба таъмини аҳолӣ бо гази табиӣ намояндаи «Тоҷиктрансгаз» зикр кард, ки феълан ин масъала мавриди омӯзиш қарор дошта, лекин баъзе мушкилот, аз ҷумла омодагии зербино ҷой дорад, ки ҳалли худро металабад.
Шоимзода аз додани маълумот дар бораи нархи гази Ӯзбекистон худдорӣ варзида, таъкид дошт, ки нарх ба ҳаҷми дархостшуда вобаста аст: чӣ қадр ҳаҷм зиёдтар бошад, нарх ҳамон қадр пасттар мешавад.
Ёдрас мекунем, ки баъди танаффуси 6-сола аз аввали моҳи апрел интиқоли газ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дубора барқарор шуд.
Қарордоди таҳвили гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон байни ширкатҳои масъули интиқолу тақсими ин навъи сӯзишворӣ санаи 9 март зимни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ба имзо расид.
Мувофиқи санади имзошуда, соли 2018 Ӯзбекистон ба Тоҷикистон бо нархи 120 доллар барои 1 ҳазор метри мукааб ба маблағи умумии 15,1 млн. доллар наздики 126 млн. метри мукааб гази табиӣ интиқол медиҳад.
Қобили зикр аст, ки интиқоли газ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон соли 2012 қатъ гардида буд. Ҳамаи корхонаҳое, ки аз гази Ӯзбекистон истифода мекарданд, минбаъд ба истифодаи гази синтезшуда, ки аз ангишт ҳосил мешавад ё бевосита ба истифодаи худи ангишт ба сифати сӯзишворӣ гузаштанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.