Дар бинои Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) таҳти роҳбарии раиси Бонк Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо иштироки роҳбарони бонкҳо ва ташкилотҳои амонатии қарзии кишвар оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 10 майи соли 2019, зимни мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо дода шуда буд, ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни суханрониаш изҳор намуд, ки низоми бонкии кишвар, яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, кӯшиш ба харҷ додан зарур аст, то ки эътимоди аҳолӣ ба бонкҳо барқарор шавад.

“Татбиқи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон, назорат ва баҳодиҳии дурусти низоми бонкӣ, пешгирии талафоти имконпазир ва коҳиш додани сатҳи хавфҳои эҳтимолӣ ба низоми бонкӣ, дуруст ба роҳ мондани сиёсати қарздиҳӣ ва коҳиш додани меъёрҳои фоизӣ, кам кардани ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар ва баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ метавонад барои бартараф намудани камбудиву норасоиҳои соҳа ҳиссагузор бошад”,- иброз дошт Нурмаҳмадзода.

Гуфта мешавад, дар идома лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои БМТ оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон ба баррасӣ ҷиҳати пешниҳоди таклифҳо манзур карда шуд, ки фарогири тамоми паҳлуҳои соҳаи низоми бонкӣ ва суғурта мебошад.

Дар нақшаи чорабиниҳо аз ҷумла баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, истифодаи фишангҳои иловагӣ баҳри татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони низоми молиявӣ, ҷалби бештари бонувон ба низоми бонкӣ, коҳиш додани қарзҳои ғайрифаъол дар сандуқи қарзӣ, паст кардани меъёрҳои фоизӣ дар сиёсати қарзии бонкҳо, зиёд кардани доираи марказҳои хизматрасонии бонкӣ, интихоби дурусти кадрҳои баландихтисос дар воҳидҳои сохтории бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ва дигар тадбирҳо пешбинӣ шудааст.

Дар баробари ин, ба бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ барои таҳия намудани пешниҳодҳои худ ҷиҳати ворид намудан ба нақшаи чорабиниҳои мазкур дастур дода шуд.

Дар рафти ҷаласа, инчунин масъалаҳои дедолиракунонии иқтисодиёт, поён бурдани таъсири асъори хориҷӣ дар бозори хизматрасониҳои бонкӣ, қобилияти пардохтпазирӣ ва сармояи бонкҳо, афзоиши дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии арозонвоситаҳои молиявӣ, таъсиси бештари филиалҳо ва марказҳои хизматрасонӣ, омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи бонкдорӣ ва ҷалби бештари бонувон ба низоми бонкии мамлакат, бахусус ба вазифаҳои масъулияти моддидошта мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Муовини раиси БМТ Ҳамидулло Машрабзода дар навбати худ доир ба ҷараёни иҷрои қарори ҳукумати Тоҷикистон "Оид ба тадбирҳои вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ" суханронӣ карда, зикр намуд, ки бо вуҷуди иҷрои корҳои назаррас дар самти татбиқи қарори мазкур, зиёд кардани ҳиссаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар муомилот ҳоло ҳам баъзе мушкилот, аз ҷумла, аз ҷониби ташкилотҳои карзӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмини терминалҳои электронӣ ва истифодаи онҳо дар марказҳои савдою хизматрасонӣ дида мешавад.

Аз ин рӯ,  раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода таъкид дошт, ки бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ барои ҳарчи зудтар амалӣ намудани таъмини татбиқи қарори зикршуда чораҳои таъхирнопазир андешида, барои қабули ҳаққи ҳама намуди хизматрасониҳо бо истифода аз воситаҳои электронӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ҳамкории судмандро ба роҳ монанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.