Соли 2020 ҷиҳати маблағгузорӣ ба низоми маорифи кишвар ҷудо гардидани беш аз 4,7 млрд. сомонӣ (485 млн. доллар) маблағ пешбинӣ мешавад.

Таҳиягарони лоиҳаи қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2020” пешбинӣ кардаанд, ки дар муқоиса бо соли ҷорӣ, соли оянда ба соҳаи маорифи ҷумҳурӣ 308 млн. сомонӣ зиёдтар маблағ равона мегардад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохтори иқтисоди ҳукумати кишвар.

Дар ҳамин ҳол, зикр шуд, ки Тоҷикистон ният дорад ҳамасола маблағгузориро ба соҳаи маориф зиёд кунад.

Соли 2021 низ ба рушди соҳаи маориф - қариб 5 млрд. сомонӣ ва соли 2022 - 5,3 млрд. сомонӣ маблағ ҷудо мегардад.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2020 зиёда аз 45 млрд. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳаҷми буҷети давлатии соли равон 274 млн. сомонӣ зиёдтар аст.

Пешгӯӣ мешавад, ки соли оянда афзоиши ҳаҷми умумии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар 87,3 млрд. сомониро ташкил хоҳад дод, ки нисбат ба соли 2019 ба андозаи 7,4% бештар мебошад.

Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplustj.info тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.