Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи ҶТ супориш дод, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи нави Кодекси андоз масъалаи аз тарафи истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ аз ҳисоби истихроҷ давра ба давра пардохтани бонуси обунавиро пешбинӣ кунад.

Зимни суханронӣ дар мулоқот бо кормандони соҳаи саноати кишвар Сарвари давлат таъкид дошт, ки пардохти андози устувори яккарата дар шакли бонуси обунавӣ барои истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ, ки ҳанӯз корҳои истихроҷро шурӯъ накардаанд, як қатор мушкилоти иқтисодиву молиявӣ эҷод карда истодааст.

Қаблан байни мақомоти андоз ва истифодабарандагони боигариҳои зеризаминӣ дар мавриди пардохти бонуси обунавӣ баҳсҳо ба вуҷуд меомаданд.

Ҳамин тариқ, соли 2015 бонуси обунавӣ боиси дар ҳаҷми зиёд қарздор шудани корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин “Зарафшон” назди буҷет ва баста шудани суратҳисоби бонкии ширкат гардид. Баъдан ба ширкат лозим омад, ки қарзҳои пешниҳодшударо аз рӯйи бонус ба маблағи наздики 200 млн. сомонӣ пардозад.

Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, 30% аз ҳаҷми умумии бонуси обунавиро ширкатҳо пеш аз гирифтани иҷозатнома пардохт мекунанд. Бархе аз ширкатҳо ин таҷрибаро ғайриқобили қабул медонанд, зеро ба кафолати гирифтани иҷозатнома мутмаин нестанд.

Вазорати молия ба муҳим будани пардохти 30% бонуси обунавӣ то гирифтани иҷозатнома исрор меварзад, чунки ин усул, ба ақидаи онҳо, масъулияти ширкатҳои хостори гирифтани иҷозатномаро меафзояд.

Коршиносон қайд мекунанд, ки таҷрибаи истифодаи бонуси обунавӣ дар ҳамаи кишварҳо роиҷ аст, аммо он на пешакӣ, балки аз рӯйи далели истихроҷ ситонида мешавад. Дар Тоҷикистон ҳаҷми пешбинишудаи бонуси обунавӣ 10 баробар бештар аз Ӯзбекистон ва 100 маротиба зиёдтар аз аксари кишварҳои узви ИДМ мебошад.

Бонуси обунавӣ барои истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон соли 2011 бо қабули Кодекси андоз дар таҳрири нав ҷорӣ шуд.

Дар Кумитаи андоз зикр мекунанд, бонуси обунавӣ зарур буд: ширкатҳое, ки боигариҳои заминро аз худ мекунанд, бояд онро бо пул ба давлат ҷуброн кунанд, зеро он талафоти табиии бебозгашт барои кишвар аст.

Ҳаҷми ҳадди ақалли бонуси обунавӣ барои ҳар кадоме аз фаъолият оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ бо назардошти захираҳои кон алоҳида муқаррар мешавад, аммо набояд аз ҳаҷми муайяншуда пасттар бошад.

Масалан, ҳаҷми ҳадди ақал ба истихроҷи канданиҳои фоиданок (ба истиснои нафту газ) барои конҳои бузург набояд камтар аз 10000, конҳои миёна – 5000 ва  барои конҳои хурд – 2500 ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб бошад. Як нишондиҳандаи ҳисоб ба 55 сомонӣ баробар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.