То 1 октябри соли равон наздики 260 ҳазор соҳибкори инфиродӣ ба фаъолияти худ дар Тоҷикистон хотима бахшиданд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар ин давра фаъолияти 209 ҳазор соҳибкори дорои патент, 43,3 ҳазор соҳибкори дорои шаҳодатнома ва 7,5 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ қатъ шудааст.

Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумори соҳибкорони фаъолияташон қатъшуда қариб 11% ё худ 25,6 ҳазор афзудааст.

Ба ҳолати 1-уми октябри соли равон дар ҷумҳурӣ 553,1 ҳазор нафар соҳибкорони инфиродӣ сабтином шудаанд, ки 313,6 ҳазор бо патент ва 77,7 ҳазор аз рӯйи шаҳодатнома фаъолият карда, 161,9 ҳазорашон хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, танҳо 293,4 ҳазор соҳибкори инфиродӣ машғули коранд.

Ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ байни соҳибкорони инфиродии фаъолиятдошта 52,6%, соҳибкорони дорои патент – 35,6% ва бо шаҳодатнома амалкунанда – 11,7%-ро ташкил медиҳад.

Шумори бештари соҳибкорони инфиродии дар кишвар фаъолиятдошта – 36,8% (аз теъдоди умумӣ) ба вилояти Суғд, 31,5% – вилояти Хатлон, 18,5% – ноҳияҳои тобеи марказ, 11,9% – шаҳри Душанбе ва 1,3% – ба ВМКБ рост меояд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.