Соли 2019 дар корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмонии Тоҷикистон 4,2 млн. тонна семент истеҳсол шуд. Қобили зикр аст, ки соли 2018 дар ҷумҳурӣ 3,8 млн. тонна семент истеҳсол шуда буд.
Тавре Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ хабар медиҳад, 1 млн. 546 ҳазор тонна ин навъи масолеҳи сохтмон ба хориҷи кишвар содирот шудааст, ки нисбат ба соли 2018 ба миқдори 150 ҳазор тонна бештар аст.
Дар Вазорати саноат қайд мекунанд, ки соли гузашта аз ҳисоби содироти семент ҷумҳурӣ 68,1 млн. доллар даромад гирифт.
Семент аз ҷумҳурӣ ба Ӯзбекистон (890 ҳазор тонна), Афғонистон (576 ҳазор тонна) ва Қирғизистон (80,6 ҳазор тонна) фурӯхта шуд.
Корхонаҳои асосии истеҳсоли семент дар кишвар 3 корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин – «Чунгтсай Моҳир семент», «Хуаксин Ғаюр семент», «Хуаксин Ғаюр Суғд семент» мебошанд, ки наздики 90% аз ҳаҷми умумӣ ба ҳиссаи ин корхонаҳо рост меояд.
Айни замон дар Тоҷикистон беш аз 18 корхона семент истеҳсол карда, солҳои наздик афзоиши шумори чунин корхонаҳо ба нақша гирифта шудааст.
Аз ҷумла, ширкати “Моҳир семент” бо сармоягузорӣ аз Чин дар ҷануби кишвар корхонаи иқтидораш 600 ҳазор тонна семент бунёд мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Душанбе ба пешвози Наврӯз чӣ гуна омода мешавад?
Ҳалокати як кас дар пайи сӯхтори пойгоҳи сӯзишворӣ дар Спитамен
Ҳушдор ба муҳоҷирон дар Русия: Ба миёнаравҳо бовар накарда, шахсан худро дар қайд гузоред
Сабти филми мустанад дар бораи Ҳофизи Шерозӣ оғоз шуд
Нархи гӯшт дар бозорҳои Душанбе. Чанд пул аст, чӣ гуна муайян мешавад ва харидорон аз чӣ шикоят доранд?
Трамп гуфт, пагоҳ бо Путин суҳбат мекунад
Хати интиқоли барқ аз зеристгоҳи “Суғд-500” то зеристгоҳи “Датка” барои истифода омода шудааст
Парвози аввалин ҳавопаймо аз Бишкек ба Хуҷанд
Дар пайи ҳамлаҳои Амрико ба мавзеъҳои ҳусиҳои Яман беш аз 50 нафар кушта шудаанд
Нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон аз 1-уми апрел боло меравад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста