Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода имрӯз, 3-юми март калиди коргоҳи дӯзандагӣ ва адрасбофии “Сомон”-ро ба соҳибкорзан Муқаддас Султонова супорид. Ин коргоҳ дар маркази ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохта шудааст.

Муқаддас Султонова соҳибкорзанест, ки рӯзи 14-уми октябри соли гузашта зимни мулоқоти раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо коргарони соҳаи саноат гуфта буд, як коргоҳи дӯзандагӣ таъсис доданист, то занону духтарони маҳаллиро бо ҷойи кор таъмин кунад. Аммо барои сохтмони бинои он имкони молӣ надорад. Президент ба раисони вилояти Хатлон ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дастур дода буд, то барои ин бонуи соҳибкор шароит фароҳам оранд.

Корҳои сохтмонӣ моҳи ноябри соли гузашта бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба маблағи зиёда аз 450 ҳазор сомонӣ шурӯъ гардида, бинои дуқабата бо масоҳати умумии 280 метри мураббаъ бунёд шуд.

1/3

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар додааст, ки дар коргоҳи “Сомон” 20 дастгоҳи дӯзандагӣ ва 10 дастгоҳи адрасбофӣ насб гардида, беш аз 30 нафар занону духтарони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шудаанд. Ҳамчунин дар коргоҳ ҳунарҳои қуроқдӯзӣ, чакандӯзӣ, попурӣ ва гулбаст роҳандозӣ гаштааст.

Раиси вилоят зикр кардааст, ки бино дорои шароити мусоид барои таъсиси то 50 ҷойи кори доимӣ барои бонувони ҳунарманд мебошад. Ӯ ба масъулон дастур додааст, ки дарсҳои амалии муассисаҳои таълимии маркази ноҳия аз фанни технология барои духтарон дар ин коргоҳ доир гарданд, то шумораи ҳарчи бештари ҷавондухтарон ҳунару таҷрибаомӯзӣ кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.