Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати молия дастур дод, ки дар ҳамдастӣ бо дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ баҳри кам кардани қарзҳои корхонаҳои бузурги давлатӣ чораҳои таъхирнопазир андешад.
Қарори дахлдори ҳукумати Тоҷикистон дар ин хусус аввали моҳи феврали соли равон қабул шудааст.
Миёни корхонаҳое, ки ба коҳиш додани уҳдадориҳои молиявӣ ва қарзҳои кредиториашон супориш дода шудааст, ШСХК “Барқи тоҷик”, ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО), ҶСК “Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе”, ҶСК “Тоҷик Эйр”, КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” зикр шудаанд.
Қарзи кредитории корхона ва ташкилотҳои кишвар то 1-уми октябри соли гузашта беш аз 64,6 млрд сомонӣ (зиёда аз 6,6 млрд доллар)-ро ташкил дода буд.
Ҳиссаи ташкилоту корхонаҳои зиёновар дар шумори умумии онҳо ба 28,5% баробар аст.
Байни корхонаҳои Тоҷикистон айни замон қарзи ширкати “Барқи тоҷик” аз дигарон нисбатан бузургтар аст.
Қарзҳои кредитории “Барқи тоҷик” ба ҳолати 1-уми январи соли равон 26 млрд сомонӣ (ҳудуди 2,7 млрд доллар)-ро ташкил медиҳанд, ки 21 млрд сомониаш ба лоиҳаҳои сармоягузории амалишудаи бахши электроэнергетика рост меояд (25 лоиҳа амалӣ гардида, боз 13 лоиҳа дар марҳилаи татбиқ қарор доранд).
Боқимонда 5 млрд сомонӣ қарзҳо ба ду нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда, “Ориёнбонк”, барои харидани мазут ва ғайра мебошад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
"Истиқлол" пас аз се сол боз Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст овард
Исроил раҳоии беш аз 600 зиндонии фаластиниро ба таъхир гузоштааст
Эмомалӣ Раҳмон: “Артиш бояд технологияҳои нав, аз ҷумла “зеҳни сунъӣ”-ро азхуд кунад”
Сармоягузорони асосии Тоҷикистон дар соли 2024
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 феврали соли 2025
Аввалин паради Артиши Тоҷикистони соҳибистиқлол чӣ гуна гузашт?
Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон муборак!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 феврали соли 2025
Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев созишномаи ниҳоии таъини марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо кардаанд
Дар Эрон кадом маконҳои таърихиву сайёҳиро дидан мумкин аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста