Бинобар сабаби паҳншавии коронавирус содироти як қатор маҳсулоти хӯрокворӣ аз кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) муваққатан манъ мешавад. Дар ин рӯйхат марҷумак (гречка), арзан, ярма, орди дурушт ва ғайра зикр шудааст.

Ин қарор аз ҷониби Ҳайати мушовара (коллегия)-и Комиссияи иқтисодии авруосиёӣ аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласаи рӯзи 31-уми март қабул шудааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти Комиссияи мазкур хабар медиҳад.

Чунин тасмим бо он мақсад гирифта шудааст, ки дар ҳолати авҷи паҳншавии коронавирус кишварҳои узви Иттиҳод аҳолиро бо ин маҳсулот таъмин карда тавонанд.

“Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласаи Ҳайати мушовараи Комиссияи иқтисодии авруосиёӣ дар бораи ҷорӣ кардани “бастаи дуюм”-и тадбирҳо, ки ба муқаррар кардани манъи муваққатии содироти навъҳои ҷудогонаи маҳсулоти хӯрокворӣ равона шудаанд, қарор қабул шуд. Дар ин рӯйхат пиёз, сир (чеснок), шалғам, ҷав, шолӣ, марҷумак, арзан, ярма, орди дурушт ва чанде дигар зироатҳои ғалладона зикр шудааст”, - қайд мешавад дар хабар.

Аз кишварҳои узви Иттиҳод баровардани ин навъи маҳсулот то 30-юми июн манъ мешавад. Қарори Ҳайати мушовараи Комиссияи иқтисодии авруосиёӣ пас аз 10 рӯз аз замони нашри он дар сомонаи Комиссия мавриди амал қарор мегирад.

Ғайр аз ин, содироти воситаҳои муҳофизати шахсӣ, маводи ҳифз ва тамизкорӣ, инчунин маҳсулоти таъиноти тиббӣ аз кишварҳои узви ИИАО низ муваққатан манъ шудааст.

Ба ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳод дастур дода шудааст, ки масъалаи кумаки мутақобиларо баррасӣ кунанд.

Ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё 5 кишвар шомиланд: Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед