Дар Тоҷикистон давраи камбуди картошка фаро расид. Картошкаи соли гузашта сарф шуда, ҳосили нав ҳоло нарасидааст.

Азбаски сарҳад бастааст, воридоти картошка аз кишварҳои хориҷӣ тамоман қатъ шудааст ё ба миқдори хеле кам сурат мепазирад.

Меъёри тавсияшудаи истеъмоли картошка дар Тоҷикистон 92 кило дар як сол барои 1 нафар аст. Барои таъмини аҳолӣ дар як сол истеҳсоли тақрибан 830 ҳазор тонна картошка зарур аст.

Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, соли 2019 дар Тоҷикистон зиёда аз 994 ҳазор тонна картошка истеҳсол шудааст, яъне ҷумҳурӣ аҳолиашро мустақилона бо ин навъи сабзавот таъмин карда метавонад.

Гӯё ҳамин тавр аст. Аммо дар воқеият истеъмоли картошка сарикасӣ беш аз 130 кило дар як сол мебошад. Аз ин рӯ, онро аз дигар кишварҳо ворид мекунанд.


Коршиносони соҳа ва кишоварзон якчанд сабабҳои беҳад гароншавии нархи картошкаро дар мавсими имсола номбар карданд: мавҷуд набудани анборҳои зарурии нигаҳдорӣ (сардхонаҳо барои сабзавот), ҳангомаи беасос дар робита ба паҳншавии коронавирус, гароншавии хизматрасонии нақлиёт, ҳавои номусоид, камшавии киштзорҳои он, аз ҷумла, дар заминҳои наздиҳавлигии аҳолӣ, фаъолияти начандон муассири “Тоҷикматлубот”, арзиши аслии баланди ин навъи сабзавот, қиматии нуриҳои минералии зарурӣ, камёфтии тухмии хушсифат ва ғайра.

Дилшод Музаффарзода, муовини аввали сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегӯяд, бо пайдо шудани картошкаи барвақтии ҳосили нав нархҳо ба ифоқа меоянд:

“Баъд аз чанд рӯз дар ҷумҳурӣ ҷамъоварии дастаҷамъонаи картошкаи барвақтӣ ва дигар навъи сабзавот шурӯъ шуда, ба вазъ дар бозор таъсири мусбат мерасонад”.

Сурат: шабакаҳои иҷтимоӣ

Ба ақидаи ӯ, картошкаи нав, ки имрӯзҳо дар бозор бо нархи 10-12 сомонӣ фурӯхта мешавад, бояд ба наздикӣдар  бозору фурӯшгоҳҳо фаровон шавад.

Оилаҳои камбизоат алҳол аз харидани картошка даст кашидаанд.

Ҳамшираи шафқат Зайнура Мадумарова мегӯяд, захираи картошка як ҳафта пеш ба охир расида, дар оила имрӯзҳо ба истеъмоли кабудиву маснуоти макарон ва чакка гузаштаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.