Давоми моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 42 ҳазор тонна гӯшти чорвои калони шохдор ва хурд истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 - 3,5% камтар аст.

Бино ба иттилои Агентии омори назди президенти ҶТ, истеҳсоли гӯшти паранда дар ин давра қариб 7 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,1 баробар зиёдтар мебошад.

Ҳаҷми истеҳсоли шир зиёда аз 241 ҳазор тоннаро ташкил дода, 1,2% камтар нисбат ба чор моҳи соли 2019 аст. Истеҳсоли тухм 45% зиёд шуда, давоми моҳҳои январ-апрели соли равон ба 293 млн дона расидааст.

Мувофиқи омори расмӣ, дар муқоиса бо моҳи март нархи гӯшти мурғ дар моҳи гузашта ба андозаи 0,8% поин рафтааст.

Моҳи апрел арзиши гӯшт дар умум 0,5% афзуда, нархи ширу тухм баръакс - мутаносибан ба андозаи 2,7 ва 4,9% коҳиш ёфт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.