Қурби расмии асъори Тоҷикистон нисбат ба евро тайи шабонарӯзи охир ба андозаи қариб 0,7% поин рафт.

Имрӯз, 3 июл қурби асъори аврупоӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 11,63 сомонӣ (1 евро) муқаррар шудааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки як рӯз пеш 1 евро 11,55 сомонӣ арзиш дошт.

Аз оғози сол сомонӣ нисбат евро дар умум ба андозаи 6,9% - аз 10,88 сомонӣ барои 1 евро дар моҳи январ то ба 1,63 сомонии ҳозира беқурб шуд.

Қурби доллари амрикоӣ нисбат ба арзи милии тоҷикӣ дар ин давра ба андозаи 5,9% (аз 9,69 сомонӣ то 10,30 сомонӣ барои 1 доллар) боло рафта, қурби рубли русӣ баръакс, ба миқдори 7,6% коҳиш ёфт.

Бонки миллӣ то ҳол тағйири назаррраси қурби евроро нисбат ба сомонӣ шарҳ надода, лекин иқтисодчиён инро ба босуръат камшавии ворид гардидани ин асъор ба кишвар вобаста медонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.