Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт, ки ба ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” тариқи ҳисобаробарӣ бо қарздеҳон кумак кунад. Яъне қарздеҳони ширкат қисме аз қарзҳои онро аз эътибор соқит карда, ба ивази он аз пардохти андоз ба ҳамин миқдор маблағ озод карда мешаванд.
Дар маҷмӯъ мувофиқи қарори рӯзи 25 июн қабулкардаи ҳукумат, қарзҳои “Тоҷик Эйр” аз ҳисоби андозҳо дар ҳаҷми умумии наздики 19 млн сомонӣ (1,8 млн доллар) аз эътибор соқит карда мешаванд.
Ба ин тариқ, қарз назди Ташкилоти хурди лизингии “Стандарт-Иҷора” дар ҳаҷми ҳудуди 13,3 млн сомонӣ ва қарз ба маблағи зиёда аз 5,6 млн сомонӣ ба ширкати суғуртаи “Суғуртаи асри 21” бекор дониста мешаванд.
Дар қарори ҳукумат зикр мегардад, ки ин маблағҳо ба сармояи оинномавии ҶСК “Тоҷик Эйр” дохил карда мешаванд.
Кумаки мазкур аз ҷониби ҳукумат ба ширкати миллии ҳавопаймоӣ дар доираи барномаи махсуси дастгирии давлатии “Тоҷик Эйр” дар давраи солҳои 2018-2023 расонида мешавад.
Солҳои охир ширкати “Тоҷик Эйр” дар вазъияти душвори молиявӣ қарор гирифта, бо ҳамин сабаб аввали соли 2019 парвозҳоро ба ҳама самтҳо қатъ кард.
Охири соли гузашта ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳоро аз Душанбе ба Маскав дубора аз сар гирифт, лекин бинобар сабаби пандемияи коронавирус лозим омад, ки парвозҳо бо ин хатсайр боздошта шавад.
Айни замон ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” парвозҳоро танҳо бо хатсайрҳои чартерӣ анҷом медиҳад.
Ширкати ҳавопаймоӣ ба Фурудгоҳҳои байнулмилалии Душанбе ва Хуҷанд, Ширкати таъминот бо сӯзишворӣ, “Тоҷикаэронавигатсия”, “Таджик Кейтеринг Сервис”, “Амонатбонк” чандин миллион қарздор аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ҳушдор ба ҷаҳон ва таъсиси хилофат. Изҳороти Амири Толибон чӣ паём дорад?
Тоҷикистон истеҳсоли пахтаро зиёд карда, содироти онро кам мекунад
Толибон эълон карданд, ки теъдоди артиши худро то 200 ҳазор сарбоз афзоиш медиҳанд
Биноҳои обод гарданд хароб... Маҷмааи Истиқлоли шаҳри Хуҷанд кай обод мешавад?
Зироати ғалладона дар Қазоқистон ва Русия арзон шуд. Дар Тоҷикистон ҳам мешавад?
Тоҷикистониёнро дар моҳи апрел чӣ гуна обуҳаво интизор аст?
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Душанбе меояд
Роҳандозии хатсайрҳои ҳавоии Nordwind ба Душанбе аз Оренбург ва Самара
Пас аз боздошти журналисти “The Wall Street Journal” Амрико аз шаҳрвандонаш хост, Русияро тарк кунанд
“Муҳофизи Норак”. Раисе, ки маоши худро ба муаллимон медод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста