То имрӯз, аз бонкҳои мушкилдори Тоҷикистон "Тоҷпромбонк" 80, “Тоҷиксодиротбонк” 70 ва “Агроинвестбонк” 40 дарсади амонати муштариёнашонро баргардониданд. “Фононбонк” маблағи муштариёнашро пурра пардохт кардааст. Дар ин бора раиси Бонки милии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода имрӯз, 8-уми декабр, баъди як ҷаласаи парлумон дар ҳузури хабарнигорон хабар дод.
Раиси Бонки миллӣ гуфт, рӯзҳои наздик “Фононбонк” комилан барҳам мехӯрад.
Дар робита ба баргардонидани амонати боқимондаи муштариёни “Тоҷпромбонк” раиси Бонки миллӣ гуфт, бархе муштариёни бонк намехоҳанд бар ивази маблағашон амвол бигиранд ва аз ҷониби мудирони махсуси бонк фурӯши амволи ин бонк идома дорад.
- Бовар дорам, ки солҳои наздик масъалаи “Тоҷпромбонк” пурра ҳал мешавад. Маблағи боқимондаи мардум аз ин бонк 40 млн сомониро ташкил медиҳад. То ба ҳол зиёд аз 200 млн сомонӣ пурра ба мардум баргардонида шудааст, - гуфт Ҳоким Холиқзода.
Бонки миллӣ: мушкил дар фурӯши амволи бонкҳо аст
Ин мақомдори тоҷик, дар мавриди баргардонидани амонати муштариёни ду бонки дигар - “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” гуфт, то имрӯз феҳрести қарздорони онҳо аз ҷониби Суди олии иқтисодӣ тасдиқ шуд ва кор идома дорад.
Ба гуфтаи ӯ, мушкили асосии ин бонкҳо фурӯши амвол аст ва дар сурати фурӯши амволи бонк онҳо метавонанд, маблағи муштариёнашонро барагардонанд.
- Аз соли 2016 то имрӯз 70 дарсади амонати муштариёни “Тоҷиксодиротбонк” баргардонида шуда, 30 фоизи он боқӣ мондааст. То имрӯз, “Агроинвестбонк” 40 фоизи маблағҳои мардумро баргардонидааст, - гуфт Холиқзода.
Ӯ гуфт, маблағҳои “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” дар маҷмӯъ, дар назди аҳолӣ 800 млн сомониро ташкил медиҳад.
Ҳокимзода зикр кард, мудирони махсуси бонкҳо барои баргардонидани маблағҳои мардум кор карда истодаанд ва мақсади асосиӣ пеш аз ҳама баргардонидани маблағи аҳолӣ аст.
Таърихи бонкҳои мушкилдор
Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи буҳрони бонкӣ дар моҳи соли 2016 "Тоҷпромбонк"-у "Фононбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк"-у "Агроинвестбонк" бо мушкили пардохтпазирӣ дучор шуда, то имрӯз дар марҳилаи барҳамдиҳии маҷбурӣ қарор доранд.
БМТ иҷозатномаҳои “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”-ро 21 майи соли 2021 бозхонд карда буд. Аз ин пештар, 14 феврали соли 2017 БМТ иҷозатномаи “Фононбонк” – ро бозхонда буд.
Дар нишасти матбуотии охирин Ҳоким Холиқзода гуфта буд, ки “Тоҷиксодиротбонк”, 66%-и уҳдадориҳои худро назди мизоҷон, аз ҷумла 72%- назди амонатгузорони хусусиро иҷро кардааст.
Нисбат ба “Агроинвестонк”, раиси БМТ гуфта буд, он 42 дарсади пули муштариёнро, аз ҷумла 52% пасандози амонатгузоронро баргардонидааст.
Дар робита ба “Тоҷпромбонк” Холиқзода изҳор дошта буд, ки ин бонк қариб 72%-и уҳдадориҳояшро назди мизоҷон иҷро кардааст.
Моҳи апрели соли равон аз БМТ ба “Азия - Плюс” хабар дода буданд, ки “Фононбонк”, қарзашро ба саҳҳомони худ - шахсони воқеӣ пурра баргардонид, ба ҷуз шахсоне, ки ба бонк вобастаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Интиқоли барқи “Роғун” ба Қазоқистон. Бо кадом шарту шароит амалӣ хоҳад шуд?
Амалиёти “зидди тамбашавӣ” дар роҳҳои Душанбе. Беш аз 1000 нақлиёт ба ҷаримагоҳ интиқол ёфт ва ронандагон ҷарима шуданд
“Мо чизе намедонем”. Мурофиаи дуюми чеҳраҳои шинохта боз дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста баргузор шуд
Муштзани тоҷик дар Чин пирӯзӣ ба даст оварда, мукофотпулии хуб гирифт
Ҳушдор аз гардиши пулҳои қалбакӣ. Бонки миллии Тоҷикистон пайомади пардохт бо “Чиптаи Бонкии Шӯхӣ”-ро шарҳ дод
“Танк”-и тоҷик ба рақобатҳояш дар UFC идома медиҳад
Эмомалӣ Раҳмон дар Истаравшан мактабу корхонаи нав ифтитоҳ кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Сулаймон ва Билқис”
Боздошти як зан дар Хатлон барои химчакӯб кардани набераҳояш
“Сӯхта, нобуд кардем”. Дар Хатлон беш аз 3 тонна доруву маҳсулоти тиббӣ нобуд карда шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста