Дар Тоҷикистон ҳудуди 420 ҳазор тонна ҳосили пиёз ҷамъоварӣ шуд, ки беш аз 50% аз ҳосили ғуншударо дар соли 2021 ташкил медиҳад. Соли 2021 дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ шуда буд.
Нимаи аввали соли 2022 болоравии назарраси нархи пиёз дар саросари ҷаҳон ба мушоҳида расид. Моҳҳои март-июни соли 2022 нархҳо ба нишондиҳандаи баландтарин расида, дар бозори дохилӣ арзиши 1 кило пиёз ба 8 сомонӣ расид.
Болоравии нархи пиёзро ба коҳиши заминҳои кишти он, афзоиши содирот ва ба охир расидани захира дар анборҳо марбут медонанд.
Дар миқёси ҷаҳон Тоҷикистон ба хориҷи кишвар начандон зиёд пиёз мефурӯшад, лекин аз содир намудани пиёзи барвақтӣ истифода мебарад. Айни замон содирот аз кишвар маҳдуд шуд, чунки бо сабаби зиёдшавии ҳаҷми истеҳсол дар кишварҳои содиркунанда, нархи воридот ҳам поин рафт.
Бино ба маълумоти коршиносони соҳа, дар моҳҳои июл-октябр аз поинравии мавсимии нархи пиёз интизорӣ меравад.
Айни замон нархи 1 кило пиёз дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 4-5 сомониро ташкил медиҳад ва минбаъд боз арзон шуда метавонад, лекин нархҳо бештар ба ҳаҷми ҳосили ҷамъоварда дар соли 2022 вобаста хоҳад буд.
Тибқи маълумоти Агентии содироти Тоҷикистон, соли ҷорӣ ҳудуди 66 ҳазор тонна пиёз ба хориҷи кишвар содир шудааст, ки 18 ҳазор тонна камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад. Дар таносуби фоизӣ камшавӣ 22,5%-ро ташкил дода, он замон ин нишондиҳанда ба 83,9 ҳазор тонна баробар буд.
Дар Вазорати кишоварзӣ зикр карданд, ки дар муқоиса бо соли гузашта даромад аз фурӯши пиёз 36% зиёд шуд. Агар соли 2021 даромад 4,7 млн долларро ташкил дода бошад, пас соли 2022 - аллакай ба 6,6 млн доллар расидааст.
Мувофиқи маълумоти портали atlasbig.com, аз рӯи истеҳсоли пиёз барои 1 нафар дар ҷаҳон Тоҷикистон (зиёда аз 65 кг) пас аз Нидерланд зинаи дуюмро ишғол мекунад. Камбудии ягона арзиши аслии баланди пиёз аст, ки бар асари қиматии нуриҳои минералӣ ва сӯзившорӣ ба вуҷуд меояд.
Тоҷикистон пиёзро асосан ба Русия ва Қазоқистон мефурӯшад. Дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (1 кг - беш аз 2 доллар) ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (1 кг - беш аз 3 доллар дар Филиппин, Индонезия ва Малайзия) нархҳо нисбатан баландтаранд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 декабри соли 2024
Таваққуфгоҳҳои холиву роҳҳои пур аз мошин. Чаро сокинон мошини худро дар таваққуфгоҳи зери биноҳо намегузоранд?
“Ялдо таваллуди офтоб аст”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 декабри соли 2024
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста