Воридоти қариб ҳамаи молу маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ба Тоҷикистон дар моҳи январи соли равон ба таври назаррас кам шуд.
Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар моҳи аввали сол воридоти орд ҳамагӣ 2,7 ҳазор тонна ба маблағи 865 ҳазор тонна сурат гирифтааст, ки дар муқоиса бо моҳи январи соли 2022 аз рӯи вазн 24,7% ва аз лиҳози арзиш - 10,6% камтар мебошад.
Воридоти гандум 66,2 ҳазор тона ба маблағи 20,6 млн долларро ташкил додааст, ки аз рӯи вазн 18% ва аз лиҳози арзиш - 12,7% камтар аст.
Ғайр аз ин, моҳи гузашта ба ҷумҳурӣ ба маблағи 45,2 млн доллар 55,5 ҳазор тонна маҳслуоти нафтӣ оварда шуд. Ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ аз рӯи вазн ба андозаи 2,1% кам шуда, аз лиҳози арзиш баръакс - 0,7% афзуд. Афзоиш ба болоравии нархи ҷаҳонии нафт дар моҳи январ вобаста аст.
Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2022 дар моҳи январи соли ҷорӣ воридоти маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ (ба андозаи 8,5%) ва маҳсулоти растанӣ (8,8%) коҳиш ёфт.
Ба гурӯҳи “маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ” ҳасибу дигар маҳсулоти гӯштӣ, шакар (қанд) ва маснуоти қаннодӣ, нон ва маснуоти нонӣ, шарбат ва дигар нӯшокиҳо дохил мешаванд. Гурӯҳи “маҳсулоти растанӣ” аз сабзавоту мева, полезӣ, чой, қаҳва, биринҷ ва дигар зироати ғалладона иборат аст.
Воридоти маҳсулоти кимиёвӣ, ки ба он, аз ҷумла маҳсулоти доруворӣ ва нуриҳои минералӣ (ба номгӯи маҳсулоти аз лиҳози иҷтимоӣ муҳим дохиланд) дохил мешаванд, ба таври назаррас - 16,8% кам шуд.
Байни маҳсулоти аз лиҳози иҷтимоӣ муҳим танҳо маҳсулоти растанӣ (гӯшт, шир ва маҳсулоти ширӣ, тухм ва ғайра), ки воридоташон ба андозаи 20,6% зиёд шуд, истисно мебошанд.
Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Тоҷикистон 9 номгӯи молу маҳсулоти аз лиҳози иҷтимоӣ муҳимро, ки нархашон аз ҷониби давлат танзим мешавад, аз хориҷи кишвар ворид мекунад.
Мутахассисон бар ин назаранд, ки коҳиши ҳаҷми молу маҳсулот дар бозор ногузир ба болоравии нархи онҳо боис мегардад. Яке аз сабабҳои асосии коҳиши воридот болоравии нархи истеҳсолкунандагон шуморида мешавад. Тибқи маълумоти оморӣ, моҳи январ нархҳои истеъмолӣ ба маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон 0,5% ва маҳсулоти ғайриозуқа - 0,9% боло рафтанд.
Маҳсулоти аз лиҳози иҷтимоӣ муҳим
Мувофиқи қарори махсуси ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2018, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба нархгузории маҳсулоти аз лиҳози иҷтимоӣ муҳим (19 номгӯй) дахолат карда метавонад, дар ҳолате, ки сарфи назар аз вуҷуд доштан ё надоштани монополия ба бозорҳои маҳсулот , нархҳо дар давоми як моҳ беасос 20 фоиз ва бештар аз он зиёд карда шаванд.
Дар аввал ба Номгӯй 16 навъи маҳсулоти хӯрокворӣ ворид гардида, солҳои 2019-2020 ба он маводи сӯзишворӣ (бензин, сӯзишвории дизелӣ, гази моеъ), маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва нуриҳои минералӣ) илова шуд.
Айни замон Номгӯй аз 19 молу маҳсулот ё гуруҳи молу маҳсулоти зерин иборат аст, аз ҷумла:
1. Орд (навъҳои 1 ва 2-юм)
2. Маснуоти нон (аз орди навъи 1 ва 2-юм)
3. Маснуоти макарон
4. Гандум
5. Биринҷ (шолӣ)
6. Картошка
7. Сабзавот (сабзӣ, пиёз, карам)
8. Қанд ва шакар
9. Равғани растанӣ (пахта, офтобпараст) ва равғани маска
10. Маҳсулоти ширӣ (шир, кефир, қаймоқ, сметана, творог)
11. Наск, нахӯд, марҷумак, кашк, ярмаи ҷав
12. Гӯшт (гӯшти гов, гӯшти гусфанд, гӯшти мурғ)
13. Тухми мурғ
14. Намак
15. Чой (кабуд ва сиёҳ)
16. Ғизои кӯдакона
17. Сӯзишворӣ (бензин, сӯзишвории дизелӣ, гази моеъ)
18. Маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ
19. Нуриҳои минералӣ.
Сироҷиддин Муҳриддин дар Маскав аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷик нигаронӣ кард
Вазорати маориф ва илм ҷузъиёти латукӯби омӯзгорро дар мактаби №8-и Ваҳдат гуфт
Данғараи Боло–Раҳмониён, Қирғизобод-Ҳазордеҳ, Қайрағоч-Қадамҷо. Номи беш аз 500 деҳа дар Тоҷикистон иваз шуд
Ӯзбекистон ба ҳамсояҳояш пешниҳод кард, шиносномаҳои дохилии ҳамдигарро эътироф кунанд. Ин чӣ маъно дорад?
Рақобати Муин Ғафуров дар UFC бо варзишгари Ҷопон, ки ҳоло таъми бохтро начашидааст
Ҷабҳаи муқовимат гуфт, дар ҳамла ба қароргоҳи Толибон дар Панҷшер 13 толиб кушта шуд
Латукӯби омӯзгор аз сӯи волидайни як хонанда дар Ваҳдат
Русия ба Тоҷикистон зиёда аз 370 ҳазор китоби дарсии забони русӣ дод
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Аждаҳои хуфта"
Нигаронии Қоҳир Расулзода аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста