Қитъаҳои замини хоҷагиҳои деҳқонии "Ориёно", "Филмандар" ва "Новичомоқ"-и деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд гирифта шуда, ба ихтиёри корхонаи муштараки (КМ) истихроҷи тиллои Тоҷикистону Чин - “Зарафшон” дода мешаванд.
Қарори дахлдори ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 28 апрели соли равон қабул шуда, чанд рӯз пеш дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ нашр шуд.
Дар санад гуфта мешавад, майдони умумии қитъаҳои заминеро, ки гирифта мешавад, ҳудуди 128 гектарро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор қариб 19 га - замини корами обӣ, 7,5 га - корами лалмӣ, зиёда аз 60,19 га - чарогоҳ, 5,3 га - зери об, беш аз 6 га - зери роҳ ва ҳудуди 32 га - заминҳои дар кишоварзӣ истифоданашаванда мебошад.
Ин қитъаҳои замин ба муҳлати 30 сол ба ихтиёри Корхонаи муштараки “Зарафшон” дода мешавад.
Дар назар аст, ки дар ин қитъаҳои замин ширкат полоишгоҳи кӯҳнаро васеъ намуда, полоишгоҳи нав, фабрикаи заршӯии нав ва иншооти маъданфуро, хатти оби тоза аз мавзеи обтаъминкунӣ то фабрикаи заршӯии нав, хатти қубури лойоба, роҳи нави маъданкашонӣ, иншоотҳои истеҳсолӣ, биноҳои маъмурӣ ва анбори маъдан месозад.
Корхонаи “Зарфшон” соли 1994 дар заминаи собиқ Комбинати маъдани тилло таъсис дода шуд. Бастаи назоратии саҳмияҳои ширкат дар аввал ба ширкати бритониёии Commonwealth & British Mineral Ltd тааллуқ дошт. Моҳи июли соли 2007 бастаи назоратӣ (75%)-и саҳмияҳоро ширкати истихроҷи тиллои «ZiJin Mining Group Co.Ltd»-и Чин харида, 25%-и саҳмияҳо ба ҳукумати Тоҷикистон тааллуқ дорад.
Корхона ба коркарди конҳои бузургтарини тиллои Тоҷикистон - “Тарор” ва “Ҷилав”, 44 киломтер дуртар аз шаҳри Панқакент машғул аст.
Дар корхонаи муштараки “Зарфшон” ҳудуди 70% аз ҳаҷми умумии тиллои истеҳсолшуда дар Тоҷикистон истихроҷ мешавад.