Даҳаи ахири моҳи июн дар Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта нархи баъзе маҳсулоти кишоварзӣ боло рафт. Ба андозаи рекордӣ нархи сабзӣ ва олу боло рафт, ки 2-3 баробарро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки соли 2021 нархи сабзӣ ба ҳадди рекордӣ - 10 сомонӣ барои 1 кило боло рафта, соли 2022 то 1,5-2 сомонӣ поин фаромад, лекин имсол боз ҳолати соли 2021 такрор мешавад.
Ҷойи сеюмро аз лиҳози болоравии нарх гелос ишғол мекунад, ки нархаш аз оғози ҷамъоварии ҳосил поин нарафт.
Ба таври назаррас болоравии маҳсулоте ба мисли шир, биринҷ, шакар, боимҷон ва шафтолу низ ба мушоҳида мерасад.
Дар ҳамин ҳол, нархи орд, равғани растанӣ, тухм, бодиринг ва пиёз ба таври қобили мулоҳиза поин рафтааст.
10 маҳсулоте, ки қимат шуд
Сабзӣ имсол 3 баробар қимат шуд. Агар 23 июни соли 2022 нархи 1 кило сабзӣ дар бозорҳои Душанбе ба ҳисоби миёна 2 сомониро ташкил медод, пас имсол он 6 сомонӣ нарх дорад.
Олу – 100% (2,5 сомони соли гузашта - 5 сомонӣ имсол барои 1 кило)
Гелос – 50% (20 – 30 сомонӣ барои 1 кило)
Шир – 33,3% (6 - 8 сомонӣ барои 1 литр)
Шакар (қанд) – 25% (10 - 12,5 сомонӣ барои 1 кило)
Шафтолу – 25% (8 – 10 сомонӣ барои 1 кило)
Боимҷон – 20% (6 – 7 сомонӣ барои 1 кило)
Помидор – 20% (5 – 6 сомонӣ барои 1 кило)
Картошка – 18% (5,5 - 6,5 сомонӣ барои 1 кило)
Биринҷ – 17,6% (15,3 – 18 сомонӣ барои 1 кило).
5 маҳсулоте, ки арзон шуд
Тухм 40% арзон шуд (23 июни соли гузашта як қуттӣ тухм ба ҳисоби миёна 42 сомонӣ нарх дошт, имсол - 30 сомонӣ
Бодиринг – 33,3% (8 - 6 сомонӣ барои 1 кило)
Равғани растанӣ – 25% (20 - 16 сомонӣ барои 1 литр)
Орди навъи 1-ум – 23,4% (5,8 - 4,7 сомонӣ барои 1 кило)
Пиёз – 14,3% (4 - 3,5 сомонӣ барои 1 кило).
Нархи дигар навъи сабзавоту мева тақрибан дар ҳамон сатҳи соли гузашта боқӣ мондаанд.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи фермерон, имсол ба нархи маҳсулоти кишоварзӣ ҳавои гарм ва норасоии об таъсир расонида метавонанд. Он аллакай ба ҳосили помидор ва қаланфури булғорӣ, қариб ду баробар зиёдшавии арзиши қувваи корӣ (соли гузашта рӯзи кории ҷамъоварандагон ҳосил 50 сомонӣ буд, имсол ҳатто ба 100 сомонӣ розӣ намешаванд), гароншавии хидматрасонии техникаи кишоварзӣ ва нақлиёт таъсир расонидааст.